Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Чӣ номаъқулие кунад, барояш раво: ба занаш гуфта буд, ки рӯзашро сиёҳ мекунад, тавонист, аз ҷои кораш ҳарфи баде нашунид, менӯшад, масту аласт мегардад, Шаҳноз ҳамроҳаш, дур намебурд ӯро, аз идораи газета бехавфу бегаптар куҷо? Муҳаррир ҳамроҳ медид онҳоро, коргарон медиданд, аз наздашон аз дасти духтар дошта мегузашт, ба онҳо ним назар ҳам наафканда.
— Шумо наметарсед? Калонҳоятон ҷанг намекунанд? — Баъзан хандида мепурсид аз ӯ Шаҳноз.— Ман ба шумо қоил.
— Аз ту метарсам ман, Шаҳноз, танҳо аз ту! Дигарон пеши ман чӣ касанд? Ҳеҷ!— мағруртар мешуд ӯ ва бо духтар аз бузургиаш ҳарф мезад: — дар редаксия ҳанӯз касе нест, ки маро «ту» гӯяд. Ман Нозимӣ, ман нависанда, то газетаҳои марказ маро мешиносанд.
Номам, имзоям ба ҳама маълум. Дигарон, вай муҳаррираш кӣ? Қарахт, хушк, бесавод... Газетаро ман обод мекунам, сутуни асосии газета ман!
Дурӯғ намегуфт ӯ, эътибораш дар идораи газета баланд буд... Вале чӣ тасодуфе, ки имрӯз — баъди тӯяш — муҳокимаи ӯ. Ҳама ба ҳуҷраи муҳаррир мешитофтанд. Баъзеҳо ба ин хабар бовар намекарданд. «Наход ҳамин хел рӯзе ҳам мерасидааст, ки Нозимиро муҳокима кунанд...»
Нозимӣ дар як кунҷак паҳлуи мудири шӯъбааш Шафиӣ нишаст. Аз таги чашм ба гирду атроф назар афканд.
Ягон гап нашунида аллакай худашро аз даст дода буд.
Ба гуфтае, ки сиёсати маҷлис ӯро пахш кард. Чаро?
Ӯ ҳеҷ гоҳ ба ин ҳол наафтида буд-ку! Сараш ҳамтар мешуд. Ба хаёлаш, ки нигоҳи ҳама, хурду калон — ҳо ана он ду-се нафар ҳуруфчину машинисткаҳо ҳам ба ӯ, назарҳо вайро меҷӯянд. Ҳамаро хабар доданд. Ҷои нишаст нарасид, аз кабинетҳои дигар курсӣ оварданд, то остонаи дар ва ҳатто берун аз он ҳам одамон пушт ба пушти якдигар ҷой гирифтанд. Дар кушода...
Аҷабо, дар рӯзҳои иду маърака ҳам ин қадар одам ҷамъ намешуд. Аз миёни ҳама ӯ Мавлонзодаро ҷӯё буд. Паси мизи вай котиби ташкилоти партиявии рӯзнома Шафак Шариф... Аз ҳамин одам баъзан ӯ ҳазар мекард, дурусттараш меҳаросид. Некию нағзиро намедонад. Андеша надорад, суханҳояш дурушт, пур аз мурчу қаламфур... Ниҳоят нигоҳи ӯ Мавлонзодаро аз миёни одамон ёфт. Дуртар аз котиб наздики дар ҷой

пешина
аз 399
навбатӣ