Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

«не», мегӯянд. Зани Нозимӣ ҳам аз омаду рафт таги дари идораи газетаро хӯрда кард, гиристу нолид, зорию илтиҷо намуд... Мавлонзода ба арзи ӯ ҷавоб нагуфт. «Кори ман чӣ?» гуфт, бо суханҳои сард гуселаш кард...
— Ба аризаи зани Нозимӣ ҷавоб нагардондед,— котиб ба зери чанд сатри дигари коғази дасташ хат кашид,— ба хотири шогирдатон, «наранҷад», гуфтед. Ҳамин хел аризаю мактубҳои беокубат, беҷавоб дар редакция бисёранд?
— Нест.
— Якто?
— ...
— Ошнобозӣ? Рӯихотирбинӣ?
— Вай ба ман ошно не, рафиқ Ориф Саидович...
— Дар бюро ҷавоб мегӯед,— гуфт котиб.
Котиб чанд нафар аз кормандони идораашро ҷеғ зад, дар ҳузури Мавлонзода аризаи зани Нозимиро ба онҳо супурд, гуфт, ки тафтиш кунанд, корҳои Мавлонзодаро дар идораи рӯзнома санҷанд. Зудтар, таъҷилӣ...

Мавлонзода аз забони котиб сухани хунуки ошнобозиро шунид. Ошнобози ошнои ӯ Нозимӣ, Нозимии бадахлоқ, бадмаст...


Аз рӯзи ба идораи газета ба кор омаданаш Нозимӣ аз касе сухани дурушт нашнида буд. Таърифаш мекарданд. Маҷлису маҳфилҳо бо таърифи ӯ мегузашт. Гов, не, ӯ ақл дорад, ҳис мекард, ки баъзе навиштаҳояш коромад набуданд, фач, бемазмун, дупула қурбе надоштанд, лекин таъриф мешунид. Чизҳои сусту фулуст навиштаашро аз нав мехонд, вале хонда наметавонист, дилгиркунанда... Оё онҳо дар ҳақиқат ба дараҷаи аъло навишта шудаанду худаш дарк карда наметавонад? Чӣ хеле ки мегӯянд, нобиға асту худ бехабар? Байни фикрҳои ҳархела мемонд. Мешунид, ки мегуфтанд: «Аз Нозимӣ ибрат гиред, дур наравед, аз вай омӯзед, маслиҳат медиҳад, вай ҷавон, лекин фаҳмишаш зӯр, услубҳои аҷоиб дармеёбад... Доно, хондагӣ». Дар асл ӯ балоя намехонад, баъзе асарҳоро ном мебарад, ба мақсади худнамоӣ, бовар кардаанд ахмақҳо.

Ҳамин тавр барои ҳама намунааш меҳисобиданд. Вай гули сари сабад, ба гуфтае, ки «эркатулфори муҳаррир».

пешина
аз 399
навбатӣ