Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

гирифта буд. Дар паҳлӯяш мудири шӯъбаи пропаганда ва агитацияи комитети партиявии ноҳия. Аз афташ масъала жиддӣ аст. Шафақ Шариф аз паси миз рост шуд, коғазеро пеш кашид. Масъалаи маҷлисро эълон кард: зани Нозимӣ ариза навишта будааст, ӯро муҳокима мекарданд. «Оё ҳамон аризаест, ки муҳаррир дар наздаш хонда буд? Аз паи ин намешавад», ваъда дода буд Мавлонзода. Қотиб аризаро хонд. Дигар будааст, ин пешина не, нав. Аз хусуси тӯяшон, аз хусуси воқеаҳое, ки ҳанӯз аз рӯй додани онҳо ним рӯз нагузаштааст, боз гапҳои дигар, гапҳои бисёре...

«...Нозимӣ журналист, мухбири калони шӯъбаи пропаганда ва агитацияи рӯзнома, шӯъбае, ки ба тарғибу ташвиқи қарорҳои партия ва ҳукумат вобаста. Ба дӯши ӯ ҳамин хел вазифаи масъулу лекин худаш қонунро вайрон кард... Зану кӯдаконашро партофт, Шаҳнозро аз роҳ зад, гаранг кард, аклашро дуздид. Нависанда-дия, бало. Дар ин роҳ ба вай боз мададгорҳо буданд. Якеаш муҳаррири газета — коммунисти куҳансол Мавлонзода. Шаб ӯ раиси тӯи Нозимӣ буд. Ба ҷои падараш шудааст ин одам ба ӯ. Лекин падари беакл, аз бесаводҳо ҳазор бор бадтар. Насиҳат намедиҳад, аз роҳи хато намегардонад ӯро...»

Мактуб гӯё беохир буд. Шафақ Шариф гулӯ даронда онро мехонду мехонд. Суханҳои вай дигар ба гӯши Нозимӣ намедаромаданд, сараш аз худаш набуд, гаранг...

Ниҳоят Шафақ Шариф коғазҳои дасташро болои миз монд.

— Рафиқон, навиштаҳои зани Нозимӣ қариб ҳамаш дурустанд. Ин ҷо мо гунаҳкорем. Лаҷоми ин одамро бармаҳалтар накашидем, эрка кардем, ҳар номаъқулие кард, кордор нашудем...— Шафақ Шариф ба ҷои ҷони Нозимӣ чанг зад, ӯро сӯзонд, болои ҷароҳатҳояш намакоб пошид. Токат карда натавониста аз ҷояш хест.

— Шумо, рафиқ котиб, ба даҳонатон нигоҳ карда тап занед, таҳқир накунед, эрка нагӯед, «лаҷоми ин одамро бармаҳалтар накашидем», мегӯед... Лаҷом, лаҷом...— Ин калимаро чанд бор такрор кард.

— Одоби суханро намедонед... Ин аризаро оилаи ман нанавиштааст, вай кори газетаро намедонад, кадоме аз ҳамкорони худамон...— гуфту забон хоид ва илова намуд:— шояд худи шумо ба вай роҳ нишон дода

пешина
аз 399
навбатӣ