Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҲикояАдабиётҚисса
Аз аввал хондан

гӯр мебаранд чунин зотҳо... Қулли вуҷуд, ҳастиашон андеша аст, боз як бори дигар андеша, марг ба сари ҳамин андеша, ки аз олам ҳеҷ чиз надида, ширинии зиндагиро начашида гузарӣ.

Нозимӣ нависанда, соҳиби дили пурэҳсос, пуршарру шӯре. Ба қадри умр, дунёи равшан расидан мехоҳад... То кай ба зиндагии талху нохуш тоб меовард, ба ҷанҷолҳои беҳудаю баҳудаи Мушарраф гӯш медод? То кай?! Саг барин шуда буд ӯ, саги газанда... халос шуд, лекин осон набуд, зӯр буд... аламовараш гапу калочаи мардум, таънаю маломатҳо... Вале рост гуфтаанд, ки то аз баҳри як чиз нагузарӣ, чизи дигар ба даст наояд, таҳлукае ба сарат наояд, аз шириние баҳравар нашавӣ... Ана, барои ӯ тирагиҳо ақиб монданд, равшании ҳусн, дидори Шаҳноз, ҳамхобӣ бо ин олиҳа, аз гарди домонаш баҳравар гаштан насибаш шуд... Ҳамаи рӯзҳои сиёҳи рафта, гапу калочаҳои бемаънии мардум ба як лаҳзаи висоли ӯ баробар не... Ҳеҷ буданд он азобҳо. Ҳамон шаб вай ҳамаи инро дарк кард, оламе бароиш кашф шуд: дар ин роҳ аз ҳарос бояд дур бошӣ, ҷуръат, боз ҳам ҷуръат лозим. Дуруст аст, ки ӯ писараш Меҳрубонро дӯст медорад, гоҳе дилаш барои вай гуму гиреҳ мехӯрад... Лекин ин ҳам мегузаштагист. Меҳрубон мегуфт, албатта аз Шаҳноз мемонд, Шаҳноз дигар, ба худо, ки дигар. Инро ӯ худаш ҳис мекунаду бас, танҳо худаш...

Дар ҳуҷраи кории Мавлонзода ҳам гап аз тӯи Нозимӣ ғел хӯрда буд. Бо котиби масъули газета Шафақ Шариф манша дошт муҳаррир.

— Шаб дар куҷо будед?

— Дар хона будам.

— Тӯй нарафтед?

— Худатон рафта будед?

— Ҳа.

— Ин одамро бояд муҳокима мекардем, аммо мо бошем, дар тӯи зангириаш иштирок мекунем, хизмат мерасонем...

— Дили ман ҳам намекашид. Лекин аз рӯи Кутосӣ гузашта натавонистам. Чи хел «ман намеравам, муаллим», мегӯӣ? Вай як одами бообрӯ, нависандаи машҳур, аз марказ омадааст.

— Пагоҳ як гапу кор шавад, Кутосӣ ҷавоб намегӯяд, калтак ба сари худамон меояд, редакция бадном мешавад...

пешина
аз 399
навбатӣ