Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Воҳима мекунед, воҳима. Зангирии Нозимӣ пинҳонӣ не-ку! Ҳама медонад, ҷанҷолаш гузашт, ди-гар чӣ мегӯянд?

— Кӯдакош сағера шуданд, занашро партофт, зан гирифт, ба кор масту аласт меояд, аммо мо ба вай ҳайфи ту намегӯем, хушомад мезанем... Худи вай кӣ? Шох дорад? Ба арзи занаш ҷавоб нагардодем,— ба шӯр омада буд Шафак Шариф, оромона сухан гуф-та наметавонист.

— Ба фикри шумо дар ҳаққи Нозимӣ чӣ мекардем? Аз кор ҷавоб диҳем?

— Ҳоло ҳам фурсат ҳаст, муҳокима мекунем, ҷазо медиҳем...

— Баъди тӯй?!

Аҷоиб менамуданд ин суханони Шафак Шариф ба Мавлонзода. Хандааш ҳам омад. Шаб дар тӯи Нози-мию Шаҳноз раис буд... Онҳоро васф мекард, аз таъ-рифу тавсифашон монда шуда, даҳонаш дард кард. Ҳарфу суханҳои неки дар ҳаққи онҳо нагуфтааш на-монд. Бахт хост, зиндагии ширини гуворо орзу кард ба онҳо, ба осмонҳо баровард шаҳу арӯси ҷавонро... Кафкӯбиҳои бардавом баъди ҳар сухани ӯ базмгоҳ, ҳавои толори калонро меларзонд, мусиқӣ ба он ҳам-садо мегашт. Худи ӯ сархушу мафтун буд... Дар омади гап Нозимиро «фарзандам» гуфт, «худам тарбия кар-дам», гуфт. Ана, ҳамин тавр ба хусию некӣ гузаронд тӯйро. Нависанда Қӯтосӣ бархоста ба оғӯш кашидаш, аз сари рухсораҳояш палак-палак бӯса зад... Офарин хонд. Ҳоло, баъди гузаштани тӯй, Шафак Шариф гап-ҳое мегӯяд, ки дар тасаввури вай намеғунҷид. «Муҳо-кима кунем», мегӯяд. Албатта, дар муҳокима ҳам ху-ди Мавлонзода раис... Таҳти раёсати ӯ мегузарад маҷ-лис... Бо кадом забон, бо кадом рӯ акси гуфтаҳои ша-бинааш рафтор мекунад? Ними кормандони рӯзнома дар тӯй ҳозир буданд, дар ҳаққи вай чӣ мегӯянд? «Ду-рӯя, чун шона ҳазор забон доштааст ин одам», мегӯ-янд.

Мавлонзода фикр мекард, ки Шафак Шариф аз як ҷиҳат беҳуда намегӯяд, одаташ ҳамин хел: ҳамеша ба манфиати газета мекушод рӯирост мегӯяд, ранҷанд ҳам, парво надорад... Сурху сафед мешавад бо баъзеҳо, гап мешунавад... Асабӣ мекунандаш, лекин аз гуфтани ҳақи гап рӯ намегардонад, ҷон мекоҳонад. Барои

пешина
аз 399
навбатӣ