Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Аммо писаракаш хомӯш намешуд, мегирист, «Додо, додоҷон! Монед, пеши додом равам!» худашро ақиб мепартофт. Ҳиқ-ҳиқи гиряаш баланд, ҳикак дар банди дилаш нишаста, мадораш намонда...
Дар идораи рӯзнома ҳама байни худ дар бораи тӯи Нозимӣ гуфтугӯ доштанд: хуб накард, бекалла будааст, одами боақл наход зану кӯдаконашро партофта думи як духтари аз худаш хурдро гирад? Тӯй, бо тантана аз қайди никоҳ гузаштан ба ҳар духтару писар як бор мезебад, бори дуюмаш гарон, худо нишон надиҳад... Нозимӣ ҳам аз ин фикру андешаҳои ҳамкоронаш огоҳ мешуд, пичир-пичири баъзеҳо ба гӯваш медаромад... Аз онҳое, ки ба тӯяш нарафта буданд, гила мекард. Албатта онҳо дар рӯяш нагуфтанд, ки дилашон ин хел тӯйхоро намебардорад. Не, нагуфтанд.
Баҳонаҳои нокирӣ нишон доданд. «Вақт надоштаанд, аз хаёлашон рафтааст...» Не, гап дар дигар ҷо: аз хушбахт шудани ӯ ҳасад мебаранд, бахили сиёҳдарунанд.
Ақаллан узр намехоҳанд. Хайр, чӣ шудааст? Зан гирифт, зани ба дил... Духтари хушрӯ, зебо. Шаҳноз барин нозуку паричеҳра дар ҳамин обрав нест... Ҳеҷ кас ин хел зан надорад, гӯё аз ҷинси одамӣ не, ба қалам офаридагӣ барин... Ана, ҳамин хел париваш занаш, Хушбахт шуд, ба мақсад расид... Ҳаминаш мемонад дар дунё... Ҳеҷ кас дар ин олам ба сараш оҳан набастааст, хоҳ-нохоҳ мегузарад. Хушо, ки ба таъби дил зиста бигзарад, умри одамӣ пудинаи лаби ҷӯй не, ки ҳар сол сабз шавад, як пуф гӯй, тамом, ба хок яксон ба мурдаҳои садсола баробар, аз будану набуданат осоре намемонад. Оқил ҳамоне, ки рӯзашро хуш гузаронад, бо лоларухон ҳамдаму ҳамроз бошад, тори зулфи онҳоро ғоз дода бимирад... Дунёро ҳаминаш мемонад... Барои тангназарон, буздилон бошад, зиндагию маъною мақсади он дигар... Боэҳтиёт, аз ҳарос садо баланд накарда аз дунё гузаштанианд... Ҳамеша дилашон дар тарс, дар хавфанд, зиндагиашон гӯё сари мӯе бошад... Оҳ, ин тавр нашавад, оҳ он тавр нашавад. Оҳ оҳи бисёре. Дар андешаанд, ки хатое аз онҳо нагузарад, курсии мансаб аз даст наравад, гӯши занашон бод нагирад, одамон боз нагӯянд, ки фалонча рухбоз, фалонча бероҳа... Ҳамин андешаҳо ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё