Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

гуфт. Аз ин хабар Мушарраф шод гашт. Аз рухсораи Меҳрубон, аз чашмони ангури сиёҳ барини Мижгон бӯсид. «Ман рафта додатонро мебиёрам», — ваъда дод ба тифлаконаш. Лекин чун ба назди Мавлонзода даромад, тарбузаш аз бағал афтод. Чеҳраи муаллим кушода набуд. Суханҳояш сард. Ку нишони шодона бо телефон ҳарф заданҳои вай? «Биёед, ёрӣ мерасонем...» гӯё саҳле пештар ин суханҳо ба забони ӯ наомада буданд.

— Нашуд, келин, ин одам ба ман ҳам гӯш надод, «намехоҳам», мегӯяд...— хабари нохуш расонд ба ӯ муҳаррир. Вале умеди Мушарраф канда намегашт.

— Гапи шуморо вай намегардонад, муаллим.

— Беҳтараш ба суд равед, шояд ба гапи онҳо дарояд... Ман ҳам оилавайрон шудани шумоҳоро намехоҳам... Лекин нашуд, натавонистам.

— Ваъда дода будед...

Мавлонзода рӯяшро аз ӯ тофт, қаҳраш омад. Мушарраф ҳис кард, ки ин мард дар ин масъала бо ӯ дигар гап задан намехоҳад. Нозимӣ дар вақташ гуфта буд, ки ёру рафиқ, дӯстони вай зиёданд, бо ӯ касе ҳеҷ кор карда наметавонад. Аз афташ, рост мегуфтааст, касе Мавлонзодаро дар як дам аз роҳ задааст, аз раъяш гардондааст. Телефон кардаанд, сабил монад ин телефонҳо, одамони «ман» мегуфтагиҳо бообрӯҳо. Бераҳманд ин мардум, болои тифлакони ӯ пой мегузоранд. Як гапи хайру нек намегӯянд, шайтонанд, дурӯяю садрӯяанд. Тухмашон пок, роҳашон сиёҳ, худо занад ин Мавлонзодаро ҳам. Аз ӯ суде набудааст, овораю саргардон шуд, худосро пеши ӯ хор кард.

— Ку, додом, додомро наовардед? — баробари аз дар даромадани Мушарраф Меҳрубону Мижгонаш ба бари домонаш часпиданд. Модар ба онҳо чӣ ҷавоб гуфтанашро надониста, худашро болои диван партофт, бо панҷаҳояш рӯяшро паноҳ карда, талх-талх гирист...

...Ҳоло шавҳараш тӯй дорад. Садои доираю рубоб, садои суруди Ёр-ёр баланд... Диданию шуниданӣ набуд ин тӯйро, гурехтанӣ буд аз он. Лекин айби бачаҳояш шуд, беақланд онҳо, аз гапу кори олам бехабар... Ҷиғари модарро хун карданд, ба ҷонаш расонидаанд. Тӯякиҳо аз наздаш равонанд... Шиносҳо, ҳамкорони шавҳараш... Ҳо ана Мавлонзода... Қутосӣ... Онҳо ӯро намешиносанд, тифлакони Нозимиро намебинанд.

Мушарраф дасти Меҳрубонро гирифта ба роҳ даромад...

пешина
аз 399
навбатӣ