Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Кори ноҳуб кардед, наход Нозимӣ барин коргарамонро ҷавоб диҳед? Вайро дар ҳама ҷо мешиносанд... Коргари аз ҳама зӯрамон... Худамон ӯро тарбия кардем, ба ин дараҷа расондем... Азоб ҳам кашида будем... — Гапи Расулӣ ҳанӯз дар даҳонаш буд, ки ду-се нафар аз коргарони газета ба ҳуҷраи муҳаррир ҳозир шуданд, посбони таги дар холаи Зевармоҳ омад... Ҳама бохабар шуда буданд, ҳама пеши муҳаррир барои далолати хайр даромада буданд...
— Бачам, Нозимиро аз туфайли занаш аз кор пеш кардӣ, мегӯянд рост аст? — пурсид аз Мавлонзода холаи Зевармоҳ.
— Ҳа, хола.
— Эҳа, кори ноҳуб кардӣ бачам, одамҳо зан сар медиҳанд, зан мегиранд, ин таомул аз як қади дунё омадааст... Ина, худи ман ҳам аз шӯям баромада будам. О хайр худат, як фикр бикун, хӯроке, ки нафорад, ба даҳонат маза надиҳад, чӣ гуна мехӯрияш? Баъд, бачам, як чизи дигарро ба ҳисоб бигир, ки пои ҳеҷ зану шӯйро ба якдигар баста намондаанд...
Қиёмате ба сари Мавлонзода гӯё гардон шуда буд... Ҳама хоҳиш доштанд, илтимос мекарданд, ки аз раъяш гардад, Нозимиро аз кор ҷавоб надиҳанд... Дар давоми кор Мавлонзода, албатта ин хел ҳодисаҳоро бисёр аз сар гузарондааст... Кадом вақте ягон узви коллективи газетаро аз кор ҷавоб додан хоҳад, ҳамин ҳол рӯй медиҳад, миёнравҳо, ё ба қавле, хайрхоҳон аз ҳад зиёд... Бало ба пасашон, вай пеши онҳо «ҳа, ҳа» мегӯяду кори кардаашро мекунад. Вале дар масъалаи Нозимӣ фикру мулоҳизаҳои худаш ҳам ба ҳар кӯча равонанд. Ба як хулоса наомада буд, ки зани Нозимӣ омад.
Ӯ гӯё аз назди Мавлонзода баромадан намехост. «Муаллим, нагузоред, ки оилаи мо вайрон шавад», гаштаю баргашта хоҳиш мекард ӯ аз Мавлонзода. Вай бо ҳазор забон ба Мушарраф мефаҳмонд, ки ин кор аз дасташ намеояд, Нозимӣ ба ӯ гӯш надод, гапашон гурехт, аз пагоҳ сарҳисоби кораш гум, хунҷигар шудааст. Вале ба кӣ мегӯӣ ин гапҳоро? «Муаллим, ёрӣ расонед», мешунид овози ӯро... Аз як ҷиҳат айби худи Мавлонзода ҳам шуд. Андаке пеш, ҳанӯз бо Нозимӣ сӯҳбат накарда, Мушарраф бо телефон гап зада буд. Пурсид, ки мактуби вайро муаллим хондаанд. «Ҳа, хондам, сад фоиз ҳақ ба ҷониби шумо, биёед, ёрӣ мерасонам»,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё