Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

ба симо, гашту гузораш муносиб — Шаҳноз. Ӯ роҳбари дастаи ҳаваскорони мактаб. Худаш раққоса, аз рақс дарс медодааст...
Ана ҳамин Шаҳноз ҳоло назди вай меистод.
— Бачаҳакам бемор, хоҳар, аз хона хабар оварданд, касе намеёбам, ки ба ҷоям истад, — алами дилашро гуфт ба вай.
— Равед, апа, ман ба ҷоятон меистам.
— Шумо ба ҷои ман дар таги дар меистед? — бовар накард Мушарраф.
— Ҳа равед. Ман ба ҷоятон меистам. — Ӯ ба сӯи курсичаи дами дари даромади синфхонаҳо равон шуд, ба ҷои Мушарраф нишаст.

Ҳамин тавр, бо одаме, ки як умр аз дасти вай айшаш талх гашт, шинос шуд, шиносоӣ бо рӯзи сиёҳ, бо бахти бадаш. Аз вай аз замин то осмон хурсанд буд. Шаб пеши шавҳараш намедонист аз кадом ҷиҳат Шаҳнозро таъриф кунад. Либоспӯшиҳояш, ҳарфаш, суханаш, хуснаш дар забони ӯ. Дар ҷавоб шавҳар хомӯш буд, дар асл ба вай механдидаасту Мушарраф беҳабар. Беҳуда ғамхор нашуда будааст, ин духтар, медонистааст ӯро.

Ҳамин некии Шаҳнозро фаромӯш накард. Дар мактаб, дар ҳама ҷо, пеши худию бегона таъриф кард, рӯзе набуд, ки бо ӯ вонахӯрда аз мактаб баргардад. Ба вай гуфт: «Ман миннатдорам аз ту, Шаҳноз». Шаҳноз ҳам, ки бо вай роҳи наздикӣ, дӯстӣ меҷустааст, муҳибу меҳрубонтар гашт, аз таги пӯсташ даромад, дар ғами ҷони ӯ шуд, барои Меҳрубон чемпери пашмини гулдор бофт, пулашро доданӣ шуд Мушарраф, ба бало монд. «Бас кунед, апа, бас!» Қаҳраш омад. Ба Мушаррафи содда гуфт, ки агар хоҳад, ба ӯ чемперу ҷӯроббофӣ меомӯзад. «Кошкӣ», — хурсанд шуд. Асбобҳои чемпербофнашро Шаҳноз ба ӯ дод, ба ӯ ҳунар омӯхт. Аз паси Мушарраф кашола шуда хонааш ҳам меомад... Баъзан шабҳо ҳамроҳаш мехуфт. Гоҳе Мушарраф даф мезад, ӯ мерақсид, аз рақсҳош ҳаловат мебурд. «Зиндагии бедилхушия чӣ мекунӣ?» — механдид. Аз паи чунин роҳат, дилхушиҳо нашуда мемурд, дили базмошно, сабукаш дар хок, он кайфиятҳо бароиҳ захр шуданд, захри котил...

Ба дили Меҳрубону Мижгон ҳам роҳ ёфт ин духтар. Дар каду басташон мемурду мезист, бо забон мелесид онҳоро. Чигаргӯшаҳояш гирди ӯ печон, мӯйҳои

пешина
аз 399
навбатӣ