Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Вай додои ту намешавад.
— Додои худам мешавад.
— Шаҳноз додоятро гирифт.
— Ман вай Шаҳноза дигар хонаамон омадан намемонам, пеш мекунам...
— Худоё, чашмам кӯр мешуд, ки вайро намедидам. Аз куҷо омада ғами мана хӯрд ҳамон рӯз... Рӯзама сиёҳ кард вай, зиндагима барбод дод. Ҷавонмарг шавад, рӯз набинад...
Нав ба мактаб ба кор рафта буд. Касеро намешинохт, зиқ хафаю маъюс, бедимоғ мегашт. Дилаш танг, пилишки сӯзан барин мешуд.
Ҳамон рӯз ба вай фармуда буданд, ки то анҷоми дарсҳо назди дари даромад нишинад, ба хонандагон назорат кунад, нагузорад, ки онҳо беодобӣ кунанд. Аз миён якуним-ду соат гузашта буд, ки писари ҳамсоя тозон наздаш омад. Хаёлаш парешон, гуфт, ки Меҳрӯбон касал шудааст. Ҷон аз дасту пояш баромад. Мудири хоҷагии мактаб Рамазон наменамуд. Аз кӣ ҷавоб пурсад? Ба саҳни ҳавлии мактаб, ба назди холаи Хиҷолат давид. Ӯ бо ҷорӯби дастадарозе хазонҳои таги хавозаҳои токро мерӯфт.
— Хола, бачаам касал шудааст...
— Чӣ кор кунам?
— Ба ҷои ман... — ба гуфтани давоми суханаш ҷуръат накард.
— Наметавонам, — ба рӯяш нигоҳ накарда ба гирду пеш ҷорӯб мезад холаи Хиҷолат.
Ба атроф бо чашми чор нигарист. Ҳамин ҳангом лаънат мехонад ба он лаҳзаҳо, аз куҷое ҳамин духтари хушрӯй, хушрӯй нашуда мемурд, пайдо шуд. Парешонхотирии вайро ҳис кард. «Чӣ гап шудааст?» пурсид.
Ин духтарро ӯ дар мактаб аз ин пеш ҳам дида буд. Хушлибос мегардад. Ҳоло ҳам дар бараш куртаи ҳарири сабз, бандҳои дасташ то бозувон аз таги он намоён. Тӯпиаш зардӯзӣ, пуршилшила, чунин тӯпии зеборо надида буд, чӣ хеле мегӯянд, ба хироҷи мамлакат меарзидагӣ. Дар пойҳояш туфлии симдӯзии гулдор, мӯйҳои майдабофташ ба пошнаи пойҳояш мехамиданд, сип-сиёҳи шабгун. Чашмонаш пури сурма, ба абрувонаш ӯсма кашида буд. Лабонаш арғувонӣ, дилкаш зебо... Хуллас ӯ гул барин буд, ниҳоли нозук, худо гирадш ба ҳамон гул барин буданаш... Ҳама ҳавасманди рӯи ӯ, мехоҳӣ, бо вай ҳамгап шавӣ, ба суханаш гӯш диҳӣ. Номаш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё