Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
дар раҳу рӯ мегардӣ, муҷӣ-муҷӣ мекунӣ. О, хайр, аз ҳад зиёд, ки шефтаю шайдояш бошӣ, тӯй кун, ба никоҳат дарор. Зани худат, ки шуд, сарату равғанат, дар раҳу рӯ ҳам, ки бо вай хобӣ, касе кордор намешавад, даҳони мардум баста мегардад... Аммо ӯ бовар дорад, ки Нозимӣ агар ӯро ба никоҳаш андозад, асло ин тавр намешавад. Чӣ хеле ки бо модари фарзандош на ба кино мерафт, на ба театр ва на ба хонаи як ёру рафиқе. Ғуломаш буд зан. Ҳамеша ба сараш дӯғ мезад. Эҳтимол чеҳраи кушоди Нозимиро надидааст он зан. Ӯ борҳо шоҳид гашта буд: агар ба коре зани бечора телефон кунад, забони хуш намедод, суханҳои пасту баланд гуфта гӯшаки телефонро бо итоб мепартофт...
Ҳамаи инро Шафиӣ бо чашмонаш медид, лекин девона нашудааст, ки ӯро насиҳат диҳад, «аз роҳат гард», гӯяд.
«Пеш мекунем», ба ҳар ду гӯшаш шунид, ки муҳаррир ҳамин тавр гуфт. Бо ҳамин орзу ӯ ҷон мекоҳонд. Хайрият шуд, ба дилаш. Вале ҳанӯз аз афташ боз фурсат ҳаст, фориғболӣ нашояд. Андаке, камтари дигаре ҷон мекоҳонад.
— Салом, — Нозимӣ аз наздаш гузашт.
— Салом, — Шаҳноз ӯро дида истод. — Муаллим, нағз ҳастед?
Шаҳноз ҳам ақл дорад, ҳис кардааст: Шафиӣ калони Нозимӣ. Пеши ӯ ҳеҷ гоҳ қавоқ нагирондааст, худашро хайрхоҳи онҳо нишон медиҳад. «Ман дар тӯйи шумоҳо рақс мекунам, келин, худо хоҳад, ҷуфти муносиб мешавад... Шаҳноз духтари хушрӯ, боақл, ин хел зан ёфта наметавонӣ, Нозимӣ. Нав худо ба ту додааст, давлататро пешпо назан, ношукрӣ накун, зудтар аз паи тӯй шавед, корро кашол надиҳед, хуб намешавад», гуфтааст борҳо пеши Шаҳноз. Ҳоло Нозимӣ ба ӯ нимғурма салом доду рафт. Лекин Шаҳноз наздаш истод.
— Нозимӣ! — гӯён ҷеғ зад Шафиӣ.
Вай аз раҳаш бозистод, музтар шуд. — Ба куҷо?
— Ба редаксия, — ҷавоб дод.
— Биё, як ҷо меравем.
— Кор дорам.
— Дар вақти танаффус?
— Ҳа.
— Баъд, ман ба ту ҷавоб медиҳам, куҷо, ки хоҳед, равед, ихтиёратон... — бо табассум ба сӯи Шаҳноз чашмак зад. Аз ӯ мадад мехост вай.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё