Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

афтоданд. «Нағз, шукр!» гуфт ӯ ва интизор буд, ки Нозимӣ ояду ҳамроҳаш назди муҳаррир дарояд. Дер не, зудтар дар сари ҳамин қаҳру ғазабаш биояд. Агар маст ояд, боз хуб, «нуран ало нур». Раваду хушёр бошад... Не, хушёр набошад беҳ. Имрӯз аз хушёр омадани ӯ вай фоида намебинад. Ҳаме заҳмат мекашад, охир ӯ дар ин роҳ хеле ранҷ бурдааст, саги сиёҳ барин ҷон канда-ҷон канда корро ба ин дараҷа расондааст. Ранҷаш фоида овард. Боз ками дигар оби ишкамашро ҷунбонад, ҳеҷ бало намезанад ӯро, илоҷ меёбад, душвор не... «Ташкил мекунем»,— хандид. Ба оина рӯ овард, афташ ба худаш нафорид. Қоқи хароби дароз, таги рӯяш зард, бенур. Башараи хунук... хандиду кулоҳашро ба сар монд. Дастҳо дар кисаҳои боронии кушоду васеаш аз саҳни идораи рӯзнома гузашта, ба роҳрави мумфарш қадам партофт, роҳраве, ки бо он ба идораи газета меоянд. Назди қаҳвахонаи «Заргарон»
истод. Боло мерафту поён, одамон аз пеши назараш мегузаштанд, кам намешуданд. Аммо касе, ки интизораш буд, наменамуд, паяш канда, гум. Хайрият, ана, пайдо шуд. Аз кӯчаи тарафи боғ меомад. Ҳамон ҷузвдони суп-сурхи наваш дар зери бағал. Боронии сиёҳ дар бар, дирӯзакак онро харида буд, дӯхташ нағз, гиребонаш васеъ, бо куртаи сурхҷатоб, галстуки гулдораш ба ӯ мезебид. Бе либосҳои бекарру фар ҳам ин ҷавонмарг ҷавони базеб, хушрӯ... Ҳаваси ҳар духтар меояд ба ӯ, ба гуфтаи баъзе занҳо, намакин. Ҳоло ӯ танҳо набуд. Ҳамроҳаш ҳамон моли покизаи ёфтааш — Шаҳноз. Муранд ҳам, инҳо, аз афташ, аз якдигар ҷудо намешаванд. Дар кӯча, ошхона, дар ҳама ҷо, ҳатто дар редакция ҳам ҳамроҳ. Никоҳ нашудаанд, аммо мегӯянд, ки шабҳо ҳам бо ҳаманд. Беимон, бедиёнат аст Нозимӣ... Дар редакция бошад, гӯшу майнаи ӯро хӯрданд.
Кабинети кории Шафий ҷои вохӯрӣ ваъдагоҳашон. Аз вай намекабанд, аз афташ писанд намекунанд. Соатҳои дароз пеши чашмаш буҷ-буҷ карда мешинанд. Ба дилаш заданд, хуни ҷигар кардаанд. Лекин сар сахт карда гаштааст, тоб меорад, кайфашон напарад. Ӯ баумед, ки аз ҳад гузаронанд, ҳама бинанд, овозаю дарвоза шавад, гап ба гӯши муҳаррир, ба идораҳои болоӣ расад... Ба гуфтае, ки худаш онҳоро беҳ-беҳ мекунад, бинг намегӯяд, ки оҳ, эй Нозимӣ, ту одами хурд не, ту нависанда шудаӣ, сад кас мешиносад, ба қадри худат бирас. Ту падар. То кай бо ин духтари ҷавон,

пешина
аз 399
навбатӣ