Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

орзую умед калон кардаанд, ба сарашон омадааст. Хуни ҷигарашон аз туфайли вай об...

Ӯ дар маҳалла пешдарои дуздҳо, авбошҳо, ҳеҷ касеро аз дасти ӯ рӯзе не, дар мактаб ҳам вай дарди сари ҳама. Борҳо падару модари пир ба ҳамсояҳо товони чизҳои дуздидаи фарзандашонро баргардонда вайро халос кардаӣ шудаанд, пул дода ҷонашро мехаридаанд. Лекин то кай?

— Ҳавлии мо, муаллим, — ҳасрат кард падари бемори ӯ, — ин хел хурдакак набуд. Калон буд, боғ доштем, ҳамаашро фурӯхтем, ёфту тофтамонро ба сари ҳамин бача задем, ба суд додем, милисаҳо хӯрданд... Хонасалот шудем, аз дасти ин бача, бача нашуд, балои ҷон, дарди сар шуд.

— Ношукрӣ накунед, додош, шукр гӯед, ки ганда ҳам бошад, ҳаст, худо нигаҳбонаш шавад, — суханҳои пирамард ба кампираш нафориданд.

— Аз будани ҳамин хел фарзанд набуданаш беҳ, номбадӣ...

— Аз даҳонатон шамол барад, додош, шумо ношукр, шумо сиёҳдаҳон...

— Муаллим, мо рӯзу рӯшноӣ надорем, мо шармандаи байни мардум, ҳама аз мо рӯй гардонданд, ҳамсояҳо салом намедиҳанд, саг аз дарамон намедарояд...

— Пеши худию бегона, шумо менолед, шумо худатон ихлоси ҳамаро аз бачаамон гардондед, гапи хайрро худо аз даҳони шумо бардоштааст, — пиразан пеши даҳони шавҳарашро гирифтан мехост, мушт кашида, ӯро сиёсат кард.

— Пули нафақаи ҳардуямонро ҳам вай мегирад, агар пул надиҳем, девона, аз ақл бегона, падару модар будани мо аз хотираш меравад. Худо гӯед, ки ин хел фарзандро ба ҳеҷ кас лоиқ набинад, муаллим... Як сӯм-ним сӯми барои гӯрию кафанӣ ҷамъ кардаамонро ҳам бурда хӯрд, наша кашид.

— Бас кун, мӯйсафеди беақл. Ман ба ту чӣ гуфта будам? Мо ба муаллим маслиҳат доштем, — пиразан шавҳарашро дашнод дод, эҳтироми ӯ аз хотираш рафт, ба қаҳр, ба ғазаб омад.

— Ба ту гап занад касу гап мешунавад, ҳамааш айби худат, худат вайро пушт гирифтӣ, эрка кардӣ...— Пирамард ғур-ғур карда рӯи ҷойхобаш дароз кашид. Дар кулбаҷаи хурдакаки панҷболораи онҳо хомӯшӣ сар зад. Ӯ сабаби зиндагии камбағалонаи пиру кампир, сабаби

пешина
аз 399
навбатӣ