Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
баби ба гапи онҳо гӯш надодани фарзанди ягонаашонро дарк менамуд... Ба фикр фурӯ рафта буд... Ва кампир мақсади ба кулбааш талбида овардани вайро баён намуд. «Мӯйсафеди беморамро табобат кунед», гуфтани ӯ бо дигар мақсад будааст: Ӯ кафил шавад, писари дар ҳабс будаи вайро озод кунонад.
— Ҳамин вақтҳо, муаллим, — гуфт ба ӯ пиразан, — Ноёбам аз хобам берун не, дилам барои вай гуму гиреҳ мезанад, метарсам, пир шудаам, рӯи нодид нашавам, мегӯям, муаллим... — Ӯ алами дили модарро тасаввур мекард. Модар аз ӯ, аз олими машҳур мадад мехоҳад.
Вай фарзанди пиразанро озод кунонд, шодии пиразанро дид. Аммо ин шодиаш дер накашид, боз ӯ бо авбошон ҳамроҳ. Шаби гузашта бо ӯ дучор омад. Модари Ноёб нофаҳмида ба вай муроҷиат мекунад. Ӯ дурӯғ мегӯяд, мегӯяд, ки Ноёббаш шаб дар хона — дар паҳлуи ӯ хоб буд. Дурӯғгӯии модар барои фарзанд.
— Худаш.
— Шинохтӣ?
— Ҳа.
Овози Ноёбро шунид ӯ. Вайро ба ҳамроҳонаш нишон дод. Оҳиста-оҳиста ҳалқаи авбошон тангтар гашт, дар миёни онҳо монд. Дар кӯча касе не, охирин чароғҳои гирду атроф хомӯш мешуданд. Авбошон як-ду нафар не, бисёрианд. Қариб ҳамаашон бачаҳои ҷавон, хонандагони мактаб. Ӯ бошад, як одами солхӯрда. Бо инҳо чӣ гӯяд? Ҳайф, ки ба роҳи хато афтоданд. Бо ин роҳ то ба куҷо мераванд? То дари ҳабсхонаҳо, аз қатори одамҳо баромаданҳо?... Ба ӯ наздиктар мешуданд, нафаскашии онҳоро ҳис менамуд, гӯё гунг буданд ҳама, аз забон монда. Ба монанди гургҳое, ки ба ишорае маҳтал, дар интизоре, ки яке сар кунаду дигарон ба афту дарафт дароянд. Ноёб пеш омад. Як бачаи мӯйдарози дигар аз пасаш қадам монд. Ду нафар аз паҳлу.
— Чунут ба худут азизай? — суол кард Ноёб.
— Маълумот додӣ?
— Пурсиданд, воқеаи шудагиро гуфтам.
— Номи Расулро ҳам гуфтӣ?
— Намедонам.
— Медонӣ, Расулро бурданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор