Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
лаш, каси дигар ба ин ҷо роҳ намеёфт, роҳ набуд. Худашро ба паси санг кашид, ба танаи шах такя дод. Аз ин ҷо Сабзазор намоён буд. Як вертолёт ба ҳаво баланд шуд, вертолёти дигар дар хирманҷо... Намояндагон гирди он мегаштанд, нигарони бобои Сафар. Онҳо ба роҳи дара даромаданд. Ӯро меҷустанд. Дараро фуромаданд... Рӯ ба баландӣ, ба теппа, баъд ба кӯҳ шуданд... Аз чанд обраҳа, аз ҷӯйҳои паи ҳам, аз миёни қамишу арчазорҳо гузаштанд. Дигар ба куҷо рафтанро намедонистанд. Назари ҳама ба теғаи кӯҳ. Атрофи он пур аз барф ва тармаҳои чандинсола. Хаёл надоштанд, ки бобои Сафар барин як одами мӯйсафед ба ин ҷо баромада бошад. Ба ақл рост намеояд. Бобо гапзании онҳоро мешунид. Ҳам милиционери хароби қоматбаланд, ҳам намоянда аз раис Нуриддинов домангир. Ӯ дӯғу пӯписа мешунид.
— Меравем, худи Нуриддинов ҷавоби ин мӯйсафедро медиҳад, худаш гурезонд, худаш, — гуфт намоянда.
— Вайро дар кӯҳҳо танҳо монда меравем?
— Ҳа.
— Дилатон мешавад? Вай одам-ку!
— Бало ба пасаш.
Хеле ҷанҷолу хархаша карданд. Сағи пир гирди бобои Сафар мегашт. Пойҳои ӯро бӯй мекашид, гӯшҳояш сих шуда буданд, аммо аккос намезад, вай ҳам паноҳ шуда буд.
Намояндаҳо ба роҳи омадаашон гаштанд. Шаб шуда Сабзазор дар оғӯши торикӣ монд. Хонаҳо беодам, дарҳо ба пушт кушода. Деҳа бӯи вайронӣ гирифта... Танҳо аз подаҷо равшанӣ ба чашм мерасид. Он ҷо гулхан афрӯхта буданд. Равшание, ки ба туфайли бобои Сафар шӯъла меафканд. Чароғи охирини Сабзазор... Бобо ҳис намуд, ки онҳо ӯро дар Сабзазор, дар ҷои дур аз ободиҳо, дар миёни сангҳои кӯҳ танҳо монда намераванд. Онҳо чашм ба роҳи охирин сокини Сабзазор... Вайро ҳам бурдан мехоҳанд. Албатта!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо