Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Рафиқ Нуриддинов, шумо ба миён надароед, монед ин одам мана занад, аз дасташ биёяд кушод, дар ҳамин Сабзазор мемурам, ҳеҷ чиз бой намедиҳам, аз ҷонам безор шудам... Монед, кушод, — бобои Сафар сӯи намоянда давид. Афсӯс мехӯрд, ки танҳо монд.
Агар дина вай ӯро ҳамин тавр таҳқир мекард, ғазо мехест, ҳама маҳтали ҳамин хел як ишора буданд, ба ҷонаҳ мекофтанд. Дар рӯзи беодам мондани Сабзазор ин ҷоҳил забон баровард, афсӯс. Бобои Сафарро раиси колхоз аз роҳаш гардонд. «Вазнин шавед, бобо, айби шумо нест, дили ҳар кас барои зодгоҳаш месӯзад», гуфт ӯ.
— Иғво меандозед, рафиқ Нуриддинов, ба ҷои мадад ба мо халал расондед, — суханҳои раис ба намоянда сахт расиданд. Байни онҳо аз туфайли бобои Сафар ҷанҷол хест. — Ҷои гап меояд, мебинем, — таҳдид кард намоянда ба раис.
Бобои Сафар ва раис ба подаҷо — ба ҷои ҷамъшудаи одамон расиданд, овози гирья, фиғони мардум.
Намоянда ба милиционери хароби қоматбаланд кимчӣ гуфта хандид, завқ бурданд. «Ба мурдаи мо, сабзазориҳо хандед. Масхара кунед, хонасӯхтаҳо», — бобои Сафар ғур-ғур кард. Нигоҳи милиционер аз ӯ канда набуд, вай бонигари ӯ, худо занадаш.
— Бародар, иҷозат медиҳӣ, ки ба пушти дарахтҳо гузарам? — поёни дараро ба милиционер нишон дод бобо.
— Не.
— Равед, бобои Сафар, равед, — мақсади ӯро раис нафаҳмид.
— Мегурезад, — розӣ нашуд милиционер.
— Гурезад, ман кафил, — ӯро ҷавоб дод раис. Ин хел намегуфт, беҳтар. Мӯйсафед аз ҷояш рост хеста, лаби ҷомаи хоколудашро афшонд. Баландиро хеле нишеб шуд, аз чӯл ё аз қафасе раҳида буд, ки тезтар медавид, нигоҳаш ба паси сангҳо, даруни обканда ва ҷариҳо. Паноҳгоҳ меҷуст, ҷои муносибе чӣ? Аз қаъри дара боз рӯ ба боло овард. Умедаш ба кӯҳ, ба ҷойҳои хилват.
Саги пир ҳам ҳамроҳаш, вай монда шуда буд. Забонаш аз ҳалқ баромада ҳак-ҳак дошт... Лекин бобои Сафар аз ҳаросу ҳаяҷон хастагиро ҳис намекард. Дастонаш ба сангҳо хӯрда хуншор шуда буд. Ба танаи як теғаи аз ҳама баланди кӯҳ часпид. Боло баромад, чӣ тавр ба торуми он расид, худаш намедонист. Ба хаё-
365

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо