Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
— Худоё барака ёбад, ин одам, хока гирад зар гардад.
— Гулоб рафта будааст, қариб даҳ рӯз гаштааст.
— Гулоб рафтааст? Хонаҳои моро ҳам дида бошад? Напурсиди?
— Не.
— Ҳайфи хавлию хонаю дари ободамон, — гуфт модар — дари ҳамаи хонаҳо кушода буд, боз гову мол...
Гулоб, хонаю дарашонро ба ёд оварда ба чашмонаш ашк давид.
— Олимӣ гуфтанд, ки Қалтай Мансур суд мешавад, бисёр гуноҳҳои дигар ҳам доштааст.
— Худоё ба бало занад, хоки замин шавад, хонааш сӯзад...
— Дар қишлоқ ҳама моро аз Олимӣ пурсидаанд, бобои Нусратулло бисёр таҳқовӣ кардааст, инҳо дар куҷо бошанд, гуфтааст.
— Ман гуфта будам, ки зинҳор гап назанад.
— Нагуфтаанд.
— Ба қишлоқ баргардем чӣ оча? Олимӣ ёрдам мерасонанд, мошин медиҳанд, худашон гуфтанд.
— Ту рафтанӣ?
— Ҳа-а...
— Равем мегӯй? — ба рӯи Рустам теғи нигоҳ партофта боз пурсид модар.
— Меравем.
— Дилакат курумаст мезанад-а? Гулобро ёд кардӣ?
— Ҳа, оча.
— Бачам, Гулобро акнун ману ту дар хобамон мебинем, обу хоки ман аз он ҷо канда шуд...
— Қалта гуму нобуд мешавад-ку.
Модар хомӯш монд.
-- Равем-а? — инро аломати ризоят пиндошта гуфт Рустам.
— Бачам, ман дигар қишлоқ рафта наметавонам...
Модар сабаби ба Гулоб дигар барнагаштанашро ба Рустам гуфта наметавонист, забонаш намегашт. Вале Рустам бачаи хурд набуд, ки рӯзи ба сари модараш овардаи Қалтай Мансурро нафаҳмад. Он ҷинси мурдор, албатта, ба ӯ ҳеҷ кор карда натавониста буд, лекин чӣ кор шуд-нашуд, ки дар ҳаққи вай дар Гулоб гапи ганда паҳн гашт, чӣ хеле раҳматӣ падараш гуфта буд, бадному садном шуд. Зани Қалта ҳам пеши мардум модари бегуноҳи вайро санг задааст: «Ман

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо