Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

АдабиётҚиссаҲикоя
Аз аввал хондан

нилӣ ба чашм метофтанд, онҳо — аробакашҳо ба дӯконҳо нон медароварданд. Пеши дӯконҳо аз занону кӯдакон, мӯйсафедон, беморони барҷомонда пур. Як дигарро аз сари роҳ тела медоданд, ба ҳам дармеафтоданд. Меҳру шафқат, эҳтироми якдигар аз ёдҳо рафта. Ҳар кас мехост, ки ба дари дӯкон наздиктар ояд, пештар нон ба даст орад... Мӯйсафедон, пиразанҳои бемадори гиррёну нолон аз навбат берун шуда рӯ ба осмон даст ба дуо мебардоштанд: худоё, ин чӣ рӯзе буд, ба сарамон омад! Луқмаи нон! Нон!!... Одамон якдигарро дашном медоданд, суханҳои қабеҳ мегуфтанд, рӯ ба дари дӯкони нон худро мезаданд. «Вой, бачаҳакам, мурд, куштиям...» ҳамин хел оҳу войгӯиҳои мардумро мешунид... Вай инчунин медид, ки касе нони ягон бечораро, нон не, балки ҷонашро аз дасташ мебурд ва он бечора нолон, гирён мемонд. Барои як нон кушта шудани одамро ҳам дид. Он воқеаи пурдаҳшат ҳеҷ гоҳ аз пеши чашмаш намеравад... «Барои як нон одам одам кушт...» — мегӯяд вай дар омади гап. Барои онҳо — аробакашҳо ҳам аз як кӯча ба кӯчаи дигари шаҳр нон бурдан осон набуд, дар рӯзи равшан, баъзан ба онҳо ҳамла мекарданд. Ба амаки Егор ҳамин ҳол рух дод.

Пирамард дар ароба нон бор карда аз завод мебарояд. Дур намеравад, як гардишро тоб хӯрда, аз пеши бозори Путовский мегузарад. Дар пеши роҳгузарҳо ду кас аз лаҷоми аспҳои ароба гирифта, дигаре ба ароба баромада мӯйсафедро аз ҷои шишташ озод мебардораду ба даруни ҷӯи сари роҳ ҳаво медиҳад...

...Ба хоначаашон ӯ дер баргашт. Модар бо дили
пурҳарос ба роҳаш нигарон буд.

— Куҷо будӣ? — ба ҷои ҷавоби салом аз ӯ суол
кард модар.

— Ба идораи газета ҷеғ зада буданд ана, хонед,— вай газетаеро аз бағалаш бароварда пеши модар монд.

— Чиро хонам? — газетаро кушод модараш.

— Қалтаи Мансурро ба газет навиштаанд.

— Рост?!

— Суд мешавад, вай Салими дароз ҳам боб шудааст.

— Чӣ хубе, худоё ба рӯзи бад зананд, ин кори ҳамон калони газет будагист?

— Ҳа, худи Олимӣ навиштаанд, худашон маро ҷеғ
заданд.

пешина
аз 399
навбатӣ