Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

чашмонаш гӯё оташаке, оташаки кину адоват, қаҳру ғазаб. Номи бад ба дӯмаш бор, вай даст ба дуо бардошт, дону нодон як ояти аз модар ёдкардаашро хонд. Баъд ба овози шунаво гуфт:
— Худоё, роҳи рафтанам шаваду ба Гулоб баргаштанам не, худоё, дур аз ин ҷо, дар мусофириҳо хок шавам, рӯи Гулобро набинам... омин! — Даст ба рӯи овард, вале дили Рустам нашуд, ки низ омин гӯяд. Вай аз Гулоб якумрӣ рафтан намехост...
Модар бастаи либосҳояшро ки болои алафҳо гузошта буд, бардошт, қадам ба роҳ монд. Рустам ҳам аз паси ӯ шуд.


Саҳарӣ нурҳои офтоб аз миёни шоху навдаҳои тут ба рӯяш меафтиданд. Вале ӯ аз хоб хеста наметавонист, ду шабу ду рӯз дар роҳ буданд. Ба мошин, баъд ба поезд савор шуданд. Дина баъди нисфирӯз ба Сталинобод расиданд. Вокзали роҳи оҳан серодам, серғалогула, мағал, саг соҳибашро намеёфт. Фиғони модарон, занону духтарон, наварӯсон ба фалак — фарзандон, муҳибон, дилдодагон, хешовандонашонро ба ҷанг мегуселониданд. Ба гуфтаи модараш, ки рӯзи қиёмат, худо нишон надиҳад. Ӯ даст ба китфи Рустам партофт.
— Ба ман нигоҳ кун, — гуфт модараш. Ба рӯи модар назар бардошт. Таги рӯи гандумгунаш коҳида, пеши чашмони бодомии зебояш хатҳои ожанг давида буд. Ба ҳар ҳол модараш зебо, ҳалқаҳои баргакдори тиллоӣ ба рӯяш ҳусну фузуда. Ӯ ба Рустам чӣ гуфтани буд?
— Худо туро нигаҳбон шавад, — гуфт. Вай рӯзи сиёҳи модаронро, ки ҷигаргӯшаҳоро ба ҷанг мегуселонанд, пеши назар дида дилаш барои Рустам меларзид.
Аз кӯчаҳои сангфарши камодам, каммошини шаҳр роҳ мерафтанд. Ягон-ягон маҷрӯҳонро медиданд. Баъзеашон нобино, бепо, бедаст. Бо асобағал мегаштанд, нӯки асоро ба пеш партофта роҳ меҷустанд...
— Кошки, бачам, падари ту ҳам аз як мучааш мемонд, нимтана мешуду аз ҷанг меомад, намемурд, — оҳи бадард баровард модараш.
Торик шуда ягон-ягон чароғҳои барқ аз кӯчаҳо фурӯзон буданд. Вале модару писар ҳанӯз ҷои рафтанишонро намедонистанд.

пешина
аз 399
навбатӣ