Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
тира менамояд, чӣ одамест, ин Қалтаи хонасӯхта, ки модарашро ба дами марг тела медиҳад, хонаашро мо-тамсаро гардонд... Аз дасти Рустам меояд, ки ӯро ку-шад, метавонад... Аммо бобои Нусратулло вайро аз роҳ гардонд. Насиҳат мегӯяд, панд мехонад. Чӣ лозиманд ҳамин гапҳои ӯ? Убол намешавад, агар Қалтаи хона-сӯхтаро кушад, савоб мешавад, агар ӯро Рустам кушад, бовар дорад, ки дилаш кушода мегардад, убол не, са-воб. Бо даму дили сӯхта Рустам рӯ ба Сафедоб меда-вид. Қад-кади роҳи калон ба даруни боғҳои сари теп-па, доманаи адир назар андохта мерафт. Нурҳои моҳ болои Сафедоб шино доштанд, ба мавҷҳо мепеҷиданд, ба ҳам меомехтанду пеш мехазиданд. Ҷонзоте кано-ри дарё наменамуд. Ӯ лаби дарё, танҳо, садои дарё, гулдуроси он ба фалак... Дарёи хунхӯр, Парвонаро хӯрд... модарашро ҳам аллакай ба дамаш кашид чӣ? Агар ин тавр шуда бошад, ӯ — Рустам куҷо меравад? Сояе ба назараш намуд. Аз боғ баромад. Тирвор сӯи Сафедоб медавид. Рустам ҳам ба вай рӯ ба рӯ шуд. Модараш будааст, дилаш аз зиндагӣ, аз дунё монда...
...Чи шабе буд, ки онҳо нахуфтанд, хобу хаёлашонро Қалтаи Мансур бурда буд, оромию осудагиашонро ҳам. Ба сари кӯтали деҳа расида рӯ ба Ғулоб истоданд. Ғулобе, ки пушт ба пушташон дар он зиста, ҳамин ҷо хок шуданд, Ғулобе, ки ин ҷо ҷояшон асту манзилашон. Чинори баланди лаби ҷӯ. Паси он ҳавлиашон. Дарҳои хона, дарвозаи ҳавлиашонро боз монда баромаданд. Гову гӯсфандҳо, ҳангии сиёҳашонро миёни ҳавлӣ сар доданд, ризку рӯзиашонро худашон ёбанду хӯранд. Бебизоат, бе ҳеҷ чиз аз деҳа мебароянд. Дар тан танҳо либосҳояшон. Чанд кӯрпаю кӯрпача. Миёни бӯғҷома печонданд. Онро Рустам пуштора кардааст... Либосҳояшонро нагирифта мераванд, ашёҳои рӯзгорашонро гузошта... Бобони Нусратулло монд ин ҷо. Бо Садриддин вақте «хайр» гуфт, ки ҳамроҳ аз хирман баргаштанду вай дари ҳавлиашонро кушод. Аз куҷо медонист, ки бо ӯ бори охир хайр мегӯяд... Аз пеши қабристони ғулобиҳо гузаштанд, ба он ҷониб сар хам намуд, ба эҳтироми Парвона, пеши марқади аз сангҳои мармари сиёҳ бунёдшудааш... «Хайр» мегуфт бо дилу ҷон бо Парвона, бо Ғулоб...
Онҳо дар оғӯши нимторикӣ меистоданд, рӯ ба деҳа меистоданд. Шамоли сард лаби рӯймоли шоли модаррӯ ба пеши рӯяш мезад, мӯйҳои ҳа болои абрувон фуромадаанд,

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо