Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз паси девор шарфаи пой баромад. Касе аз миёни алафҳо мегузашт. «Парвона аст, омад!» Духтарак аз ҷӯи пушти девор парид. Пой ба рахнаи девор монд. Дилаш моломоли ҳаяҷону изтироб гашта буд, ки осуда нафас гирифта наметавонист, нафас гӯё дар гулӯяш мепечид.

— Оҳиста, эҳтиёт шав, Парвона, боз наафтӣ, — Рустам ба ӯ наздик шуд.

— Хап, ист, овоз набарор, — Парвона кулӯхҳои танаи деворро дошта пои дигарашро ҳам болои он гузошт.

— Биё, дастатро деҳ!

— Не, яктарафа ист, худам мефуроям, — Парвона қоматашро андаке рост гирифта шохаи себи болои сарашро дошт. Кулӯхе аз таги пояш ҷудо шуда шулӯпӣ ба даруни оби ҷӯӣ афтид. «Эҳ!» — гуфта, Парвона аз тарс як қад парид. Рустам гӯё ҳамин ҳолро интизор буд, ки аз дасти ӯ гирифт. Парвона накебид, худро аз вай нагурезонд. «Рав, як сӯ ист, ягон кас мебинад, айб мешавад» нагуфт. Дастони нозуки Парвона ба гарданаш ҳалқа шуданд. Чӣ лаҳзаҳои хуше, ширине. Парвона дар оғӯшаш аз миёни торикиҳо, аз таги дарахтон мегузашт Рустам. Хаёлаш, ки Парвонаро аз бағал намонда тамоми умр роҳ равад, ба дуриҳои дур, ҷое равад, ки вай бошаду Парвона, атрофи ӯ парвона шавад, гирди сараш гардад, рӯбарӯяш шинад, зулфакони бари рӯ хамхӯрдаашро бо ангуштонаш ғоз диҳад, аз рухсораҳояш бӯса ситонаду вайро хандонад, хандаҳои ширини Парвона ба Рустам мефорад...

— Ҳамин ҷо, — духтар зери як зардолуи калон майли аз оғӯши Рустам фуромадан кард. Рустам ӯро болои суфае, ки бобои Ризо миёни боғаш сохта буд ва аксар дар дамгириҳояш гилем ё шолҷае густурда рӯи он менишаст, ё бо фарзандонаш чой менӯшид, аз бағал монд. Шаб торики тор шуда аз осмони софу ба назар бисёр дур ситораҳо боз ҳам рахшону дилработар метофтанд.

— Чӣ гуфта аз хонаатон баромадӣ? — пурсид Рустам.

— Хаёл мекунӣ, ки баҳона кам, аз мӯи сари ману ту ҳам зиёд. Хоҳам лак-лак баҳона меёбам, — аз паси пардаи торики лабони ба табассум моили Парвонаро намедид Рустам... — Гуфтам, ки хонаи холаам меравам, зиқ шудам...

пешина
аз 399
навбатӣ