Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
фурӯзон шуданд. Аз болои себ бисёр ҳавлиҳо ба назараш зери қадамаш менамуданд. Дар миёни ҳавлии бобои Саид олов даргиронданд. Модараш мегӯяд, ки онҳо ҳавсала надоранд. Чор кулӯхро рӯи ҳам монда дегдон кардаанд, бунаҳои навомад барин, ҳама ба онҳо механданд. Аз ошхонаи Иброҳими заргар ҳам шӯълаи олов ба чашмаш расид. Аз афташ дами гарм пухтанианд. Модари Парвона бошад, дар ин мобайн корҳояшро саранҷом дода буд. Дар пешайвон дигар касе наменамуд.
Лаҳзаҳо боз мегузаштанд. Осмон аз ситора гӯё гулзор шуд, гулҳои пурҷило. Таҳти осмоне каб-кабуди назаррабо менамуд. Ситорае болои теғаи кӯҳ дурахшонтар тофт. Ба чашмаш ширин буд он: «Ситораи Парвона». Назараш ба замин — ба хонаи онҳо гашт. «Кани ӯ?» Ниҳоят боз садои ғиҷирроси дарро шунид. Парвона? Ҳа, худи ӯ! Чӣ хуш, ки баромад, ба дили Рустам шуд. Дастонаш дар кисаҳои камзӯлчаи гулдӯзиаш. Рӯ ба осмон, ситораҳо аз миёни ҳавлӣ қадам мемонд, ғарки хаёл буд. Ҳа, аниқ: ҳанӯз кайфияти суханҳои талхи очаи Рустам аз сари ӯ нарафтаанд. «Аз рӯи ту аз бачаям намонам мегӯям... Мурам ҳам туро келин намекунам, мурам ҳам! Аклатро ба сарат гир, ҳарҷопарак нашав. Бачаам ба ман азиз, якта аст...» «Парвона»
гуфт ӯ. Духтар нашунид. Як навдаи болон сарашро дошта бо нӯки по истод «Парвона!» «Рустам?» — нигоҳи ҳаросони Парвона ба гирду пешаш давид. Ниҳоят ӯро дида «Парвона, биё», гуфт Рустам. Чанде Парвона гӯё шах шуда монд. «Меравам», ба худ омад ӯ.
Дили Рустам акнун дар сина беқарор шуда буд:
Парвона меояд! Дар ин боғи танҳоию беодам, дар ин шаби ситоразору торик... Рустами Парвона... ҳамроҳ.
Шоху баргҳо аз пеши рӯяш, як сӯ карда аз болои себ фуромад ӯ. Дар як боғчаи кушоду васеъ куҷо истодану дар куҷо ба Парвона интизор шуданро намедонист. Аз як чӯяк ба чӯяки дигари боғ меҷахид, гӯё Парвона бо «меоям» гуфтанаш ба дили вай алов андохт. Аз кадом тараф ӯ ба боғ меояд? Пеши девори як тарафаш гашта давид. Аз болои девор ӯро ба бағал мегирад, баъд ба замин мегузорад. Чӣ хеле модараш мегӯяд, хушрӯ аст, ин духтар, моҳ барин, камоие надорад. Беӯсмаю сурма чашму абрувонаш сиёҳи нилӣ, беупаю ғаза сафед, сафеди дилҷӯ, лабонаш ақиқ барин!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо