Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
Худам «бо Нозимӣ зиндагӣ мекунам», гуфта будам, худам гунаҳкор, забонкүтаҳам».
Мушарраф қаламро болои дафтар монд. Хоби Меҳрубону Мижгон бурда буд. Чароғи хона фурӯзон, рӯ ба рӯяш сурати калони бо Нозимӣ ҳамроҳ гирифтааш ба девор овехта шудааст, сурати рӯзи никоҳашон. Нозимӣ бо ҳамон намуде, ки бори аввал Мушарраф бо ӯ вохӯрд, бори аввал ӯро дид, шефтаю шайдояш шуд.
...Аввали баҳор буд, ба мактаб аз газетаи ноҳия мухбир омад. Ӯро ҳамаи хонандагон, аҳли синфи Мушаррафино мешинохтанд. Вале Мушарраф ӯро надида буд. Бо имзояш шинос буду бас. Хабару мақола, ҳикояҳояшро мехонд, дар мавзӯъҳои ахлоқ, одоби муошират, анъанаҳои мардум менавишт Нозимӣ. Қариб ҳар рӯз дар газета мақолаҳояш чоп мешуданд.
Ҳамон рӯз, пеш аз омадани Нозимӣ, як ҳикояи ӯро дар газета хонда буданд. Сураташ ҳам чоп шуда буд. Вай шогирди нависандаи машҳур Қутוסӣ будааст. Худи Қутוסӣ дар ҳаққаш суханҳои нек навишта ба вай барор орзу карда буд... Ҳикояи аламовар... Дар бораи ду ҷавони ошиқ, ошиқони ноком, номурод... Онро хонда аз ҳама бештар Мушарраф мутаассир гашт. Вай газетаро аз даст нагузошта аз як синф ба синфи дигар медавид.
— Хондед? — мепурсид ӯ, — хонед аҷоиб, гиряи одам меояд. Ва мазмуни ҳикояро нақл мекард.
Муаллифи ана ҳамин ҳикоя ҳоло ба мактабашон омада буд. Дугонаҳои ӯ духтарони калон-калони синфи даҳум ба далон баромада «мухбир Нозимӣ, ана вай» гуфта ба якдигар нишон медоданд ӯро. Яке аз он духтарон, ки аз дидани Нозимӣ гӯё худашро гум кард, Мушарраф буд. Нозимӣ паси дари утоқи мудир меистод, дар ҳалқаи муаллимон... Китобе дар дасташ буд, онро кушода ба онҳо ким-чиро нишон медод, ҳама гӯш ба ӯ. «Хушрӯ будааст, бамаъънӣ, бинед, намехандад, ҷиддӣ...» Назари Мушарраф ба Нозимӣ, ки мӯйсари андаке расидааш болои гиребони костюмаш хамида буд, канда набуд... Чанд чашми дигар пайдо карда ба вай нигоҳ кардан мехост, аз тамошои ӯ гӯё серӣ надошт.
Мудир аз куҷое ҳозир шуд. Бо Нозимӣ вохӯрд, сараш хам, дастонаш пеши бар. Албатта ин ҳаракатҳои ӯ — як одами калони солхӯрда дар назди писараш барин як ҷавон нозеб буданд, ба шогирдон намефорид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё