Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

ки ҳамаи гапҳои дилашро нависад, навишта ба дасти худи ӯ оварда диҳад. — Дилатон барои бачаҳоятон месӯзад, медонам, шумо зани меҳрубон, боақл — гуфт ӯ ва то беруни кабинеташ ӯро гусел кард. — Албатта, биёед, маслиҳат мекунем, келин, — таъкид намуд ӯ.


Меҳрубону Мижгон рӯи хона бозӣ доштанд, дар дасти Мижгон лӯҳтакчаи паҳмоке, чашмонаш каб-кабуд. Меҳрубон ба аспи чӯбини калоне савор, бо шавқ онро рӯ-рӯи фарши хона метозонд. «Аз куҷо ёфтанд инҳоро?!» — аз бачаҳояш пурсид модар.

— Додом хариданд, додом, — гуфт Меҳрубон ва ӯро модар баъди баромада рафтани падараш бори аввал боз шоду хурсанд дид.

— Дар куҷо дидед? — пурсид модар.

— Дар пушти хонаамон, қатии Шаҳноз буданд, аз пасашон давидам, аз дасташон доштам. Додом маро бӯса карданд.

— Маро ҳам — гуфт Мижгон.

— Баъд магазин даромадем, хона биёед, очам дигар ҷанг намекунанд, гуфтам... — Меҳрубон аз дидани падар шод буд.

— Вай бандаи ношукр, ба қадри шумоҳо нарасид, шумоҳо дар чӣ хаёлу вай чӣ фикр дорад... — Модар ба паси миз гузашт, дафтари калонеро ба пешаш кашид, ручка гирифт... — Ғами шумоҳо дар дили ман, хор нашавед, мегӯям, худамро хор кардам, — ба тифлаконаш нигоҳ карда ҳарф мезад ӯ. Қалам ба рӯи коғаз бурд.

«Муаллими азиз, Мавлонзода, шумо худатон одами бофаҳм, боандеша... Медонед, ки оиладор шудан осон нест. Гапу хабари бисёре. Пеш аз зиндагии якҷояро ихтиёр намудан, хусусан духтаракон ба ҳазор фикру хаёл меафтанд, гаранг мешаванд... Чӣ мешуда бошад, миёни роҳ намонанд, бевафоӣ набинанд, фириб нахӯранд... оби рехта бардошта нагардад». Духтар бо ҳамин андешаҳо ба шавҳардор шудан розӣ медиҳад, ба мисле ки худашро ба оғӯши дарё афканад, дарёи зиндагӣ... Аз он гузаргоҳ меёбад ё не?... Зиндагии оянда барояш тира... Ҳамин хел рӯзҳо аз сари худам гузаштанд.

пешина
аз 399
навбатӣ