Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
«какани Абдушукур» гуфта овоза мекунанд. Ҷои хобаш ҳам дур аз модар буд. Бо Мижгон дар кулбачаи назди дарвозахона мехуфт... Шабҳо борҳо модар аз паҳлуи шавҳараш хеста назди фарзанонаш — Меҳрубону Мижгон намеомад, болои сарашон менишаст. Онҳо хоб, аз омадани модар бехабар. Ё баъзан наздашон надарояд ҳам, модар гирди хонаи хоби онҳо мегашт, дилаш пур, даруни он олами модар, дунёи вай... Чун ситораи саҳар дар осмон падид намеомад, субҳ медамид, модар боз бедор... Ба сӯи хонаи хоби ҷигаргӯшаҳояш медавид, дари хонаи онҳоро мекушод... Ба ҳар ҳол рӯзи ӯ бо ҷигаргӯшаҳояш хуш мегузашт. Кори бисёри хонаи шавҳар, кори колхоз ба назараш наметофт.
Вале ҳазор таассуф, ки ҳамин рӯзи шодии ӯ, осудагии Меҳрубони ӯ дер давом наёфт. Нозимӣ пайдо шуд, ба таги деги рашку адовати беинтиҳои Абдушукур оташ гузошт. Рӯзи писаракаш аз дасти падар сиёҳ гашт, боз ба азоб монд.
Абдушукур ба сари гову молҳояш, ки дар кадом як деҳаи дури миёни кӯҳ бонӣ мекарданд, рафта буд...
Қариб як ҳафта боз даракаш не. Дар ҳамин як ҳафта борон ист намекард, осмон таҳти абр. Борон меборид.
Ана дар яке аз ҳамин рӯзҳои борон се-чор кӯдак аз дарвозаашон даромаданд, механдиданд онҳо. Боз ва боз гурӯҳи кӯдакон омаданд. Шавкун, ҳаёҳу доштанд. «Меҳрубон, Меҳрубон!» мегуфтанд. Аз паси онҳо ӯ киро дид? Шавҳараш Нозимӣ. Дар сараш кулоҳ, дар танаш боронии ба кадаш дароз. Почаҳои шимаш пури лой, лаби остинҳои боронии алафрангаш ҳам. Маст буд, мекалавид. Бачаҳо ба ӯ механдиданд. Нозимӣ гӯё маймун буду онҳо маймунбоз. «Меҳрубон, додоят» мегуфтанд бачаҳо. Нозимӣ зери пешайвон, Мушарраф дар дами дар. Беҳарф, бесухан рӯ ба якдигар меистоданд.
Гӯё ҳарду рақаме буданд, беҷон, беҳис...
— Меҳрубон, — гуфт ӯ писарашро дида.
— Додо! — Сӯи падараш тохт Меҳрубон, — додоҷон,
додо!
Меҳрубонро ба оғӯш гирифт, аз сару рӯяш бӯсиду бӯсид. «Калон шудӣ, бачам? Калонакак? Ман туро кофтам, кофта-кофта ёфтам. Ту манро ёд накардӣ? Хотир баровардӣ? Мижгон канӣ?» Духтарафро, ки дар хона хоб буд, пурсид Нозимӣ.
Падару писар зери борон. Дасти Меҳрубон дар гардани падар. Ӯро раҳо намедод. Аз афташ меҳаросид,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё