Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа
ки ӯ боз наравад. Гардани падарро бӯй мекашид, ли-босҳо, сару рӯяшро. Борон меборид, ба монандӣ, ки аз новаҳо об резад. Тар, шип-шилта шуда буд Нозимӣ. Пир, афтода менамуд ба назари Мушарраф ӯ. Мӯйҳои сараш сафед шуданд. Ӯ Нозимии солҳои аввали зинда-гониашон набуд. Дигар хел менамуд, азият кашидааст ӯ...
— Биё намегӯй?— Ба Мушарраф муроҷиат кард Нозимӣ.— Бовар мекунӣ, ки чӣ қадар кофтам, суроғ кардам,— хандид,— ин қишлок аз дунё берун, дар да-руни кӯҳҳо будааст. Бисёр дур омадӣ...— Гӯён сазо медод ӯро додои Меҳрубон. Ғазабашро овард.
— Чаро омадӣ? Барои чӣ?
— Тар шудам,— боз хандид.
— Дидоратро ба ман нишон нате, безорам, намео-мадӣ,— кулфатҳои ба сарш омада, азиятҳои Меҳру-бон — ҳамааш аз туфайли ҳамин одам, аз боиси ӯ... Тоқат карда натавонист, дари хонаашро кушод... Кӯ-дакӣ гаҳворагиаш бедор шуда буд. «Инга, инга...» Гӯё писаракаш дар набудани падар ба хона омадани шав-ҳари пешинаи модарро ҳис намуда ғаш мекард, ҷанҷол дошт. Овози Нозимиро акнун аз пешайвон мешунид ӯ, вай бо Меҳрубон сӯҳбат мекард. Меҳрубон гӯё аз ҳар-фу сухани падар сер намешуд. «Додо, ин, додо, вай...» дидаю шунидаҳояшро ҳикоя мекард. «Беномус» гуфт дар ҳаққи Нозимӣ Мушарраф.
Меҳрубон кӯрпачаеро аз хона баровард, болишт овард. Дар куҷо шинондану ба назди падар чӣ оварданашро намедонист. «Чой мехӯред? Ош биёрам, додо?»— мепурсид аз ӯ ва гӯё соҳиби хона буд вай. Аммо намедонист, ки худи ӯ дар ин хонадон боазоб сарпаноҳ ёфтааст. Азоби ӯро модар медоналу бас. Дар ҳамин лаҳзаҳое, ки Меҳрубон назди падараш дастархон паҳн кардаю чой оварда, ба пиёла чой рехта «нӯшед додо», мегуфт, ҳарду табақаи дарвозаашон шаракқсозанон ба пушт кушода шуд, ду маркаб пайдо гашт. Онҳо таги бор оҳиста-оҳиста пой мебардоштанд. Абдушукур савори аспи ҷавмасташ аз паси онҳо аз дарвоза даромад. Маркабҳоро миёни ҳавлӣ нигоҳ дошта аз аспаш фаромад, рӯ ба пешайвон овард, Меҳрубонро бо шахси ношиносе дида ҳайрон шуд. Кист ӯ? Ягон хешу ақрабои Мушарраф? Не, дар миёни авлоди онҳо ин хелро надидааст. Боз ин какан гирди ӯ печон. Дасташро ба гардани ӯ андохтааст-а? Гӯё Абдушукурро надидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё