Зеҳн
Дар орзуи падар

Китоби мазкур қисса ва ҳикояҳои нависандаи тоҷик Кароматулло Мирзоевро дар бар мегирад. Дар асарҳо масъалаҳои муҳими ахлоқӣ ва иҷтимоӣ тасвир шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 399 саҳифа

ҚиссаҲикояАдабиёт
Аз аввал хондан

— Меҳрубон, Меҳрубонҷон,— сари писарашро такон дод Мушарраф. Ӯ бедор шуда модарашро дида, аламҳояш тоза гаштанд, ки боз ба гиря даромад. Мушарраф то заб аз хона, аз назди писаракаш берун нашуд. «Хез, бачам хонаи шавҳарат рав, қаҳраш меояд, меранҷад, нағз намешавад», мегуфтанд ба ӯ. «Қаҳраш омадан гирад», гуфт ва Меҳрубонашро ба оғӯш кашид.

Шавҳараш омад. Боз ҷанҷол, ҳарҳаша... «Хез хонаат рав», талаб доштанд аҳли хонадон. Қариб як ҳафта вай пеши Меҳрубон истод... Шавҳараш дарун-дарун сӯхт, вале чизе нагуфт.

— Вазири мард зан, духтарам, дилашро ёб,— дар масъалаи Меҳрубон маслиҳат дод модар ба ӯ.
— Дағал аст, бисёр дағал...
— Гуфтам-ку, роҳ ёб.
— Намешавад, — дар хаёли ӯ ҳам ҳалли ҳамин масъала буд. Вале Абдушукур ба гапи вай намедоромад.
«Нагӯй, ба хотирам набиёр!» дод мезад ба сараш.

Дуруст мегуфтааст модар, вазири мард зан будааст.
Ниҳоят Абдушукур ба гапаш ғалтид, нимколарозӣ шуд.
«Хайр биёед сағераат, лекин хонаи мо надарояд, ба чашмам камтар тобад, аз мардуми қишлоқ ҳам метарсам. Агар шунавам, ки «Абдушукур какандор шудааст», гӯянд, аз худат гила кун, сағераатро зада аз дару девор берун мекунам...» таъкид кард... Ҳамин нимколарозӣ гаштани шавҳараш ҳам ӯро хурсанд кард, сараш гӯй ба осмон расид, ба хаёлаш, ки қанот бароварда ба Гули Хайрӣ парвоз кард. Меҳрубонашро ёфт.
«Биё бачам, туро мебарам, бо худам мебарам, биё!...»
гуфт ба ӯ. Ҳамон рӯз ҳамроҳи Меҳрубон аз ин роҳ, роҳе, ки ҳоло дар айни гармои рӯз онро нишеб мешавад, ба Сиёҳдона меомад. Баҳорон буд. Чуқурию пастиҳои роҳи Сиёҳдона ба хаёлаш зебо тофт, давида-давида аз сари ёлау теппаҳо гул чид, гулҳои сиёҳгӯш, наврӯзӣ...
Гулҳоро ба Меҳрубон дод. Модару писар дасти якдигар дар даст роҳ мерафтанд... Ба хаёли Мушарраф офтоб ба рӯи онҳо механдид замину замон механдид, ӯ хушбахт буд. «Аз ҳеҷ чиз камӣ надорам, соҳиби хонаю дари обод, соҳиби ҳама чиам. Абдушукур одами бад не»... аз дил мегузаронд, аз сари рухсораи Меҳрубонаш гашта-баргашта мебӯсид.

Дар хонаи Абдушукур модар ба сари писаракаш
рӯзи сиёҳ овард. Ӯро кӯча баромадан намегузошт. Меҳаросид, ки ба чашми аҳли деҳ наафтад, меҳаросид, ки

пешина
аз 399
навбатӣ