Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
Хушбахтона, адабиёти беназири тоҷикон баҳри дарки хасоили ҳамидаи инсонӣ, бахусус ростгӯиву боиродагӣ, мардонагиву дурандешӣ, хоксориву ҳимматбаландӣ, рафоқат заминаҳои мусоид фароҳам меорад.
Гузаштагони мо дӯст, рафиқи ҷониро хеле ситоиш карда, гуфтаанд: «Бародар беҳтар аст ё дӯст? — Бародар. Ба шарте ки дӯст бошад». Дарвоқеъ, дар ин мафҳуми орифона маънии хеле баланд нуҳуфта аст, ки ҳамаи моро ба қимати аслии дӯст ошно месозад. Албатта, дӯст ҳар хел мешавад, агар зумрае ҷонӣ бошанд, гурӯҳе нонианду забонӣ. Гурӯҳи фавқро худи ҳаёт собит месозад. Дӯсти ҷонӣ он нафарест, ки дар ҳама ҳолат рафиқи худро фаромӯш накарда, баръакс мунтазам бо ӯ дар мукотиба буда, ғаму шодиро баробар тақсим мекунад.
Бунёди олами рафоқат аз оила ибтидо гирифта, минбаъд ташаккул меёбад. Дӯстӣ чароғи хонадони оила, хуршеди тобоноии ҷаҳони гузарон аст. Дар он ҷое, ки дӯстиву рафоқат поянда бошад, ҳамеша чароғи бахту саодат фурӯзон мегардад:
Шоири ориф Ҷалолуддин Румӣ гуфтааст:
...Мардум гӯянд биҳишт хоҳӣ ё дӯст?
Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накӯст!
Тоҷикон аз ибтидо ба мардуми олам робитаҳои дӯстӣ доранд. Аксари удабо ва шоирони мо маҳз ба василаи ана ҳамин риштаи дӯстӣ кишварҳои зиёди оламро сайр намудаанд.
Сафарҳои Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Аҳмади Дониш, Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноату Лоиқ, Гулназар ва ғайра дар таҳаввули адабиёту фарҳанги мо нақши муассир дорад. Бешубҳа, дар чунин як рӯзгори нав ва соҳибдавлати барқарор намудани дӯстӣ ба кишварҳои мухталиф бар нафъи ҷомеаи мост. Маҳз тавассути дӯстӣ Тоҷикистонро давлатҳои зиёде мешиносанд.
Барҳақ шоири дурандешу борикбин устод М.Турсунзода фармудааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё