Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
пойтахти давлати мустақилу комилҳуқуқ мебошад. Ҳамаи моро зарур аст, ки тибқи муқаррароти Маромномаи сокини пойтахт амал намуда ба қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ – об, фазо, барк, боғу дарахтзор, гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт, муҷассамаҳои бузургон, оромгоҳ, зиёратгоҳҳо расида, дар ин шаҳри дилоро чароғи сидқу сафоро фурӯзон нигоҳ дорем.
Соли 2004 80-солагии пойтахти тоҷикон шаҳри Душанбе таҷлил гардид. Бо эътимод метавон гуфт, ки минбаъд низ Душанбе боз ҳам зеботару дилоротар мегардад. Душанбе хонаи умеди ҳамаи тоҷикони дунё, макони бахту иқбол, махзани илму дониш ва сарсабзиҳои мост:
Нагардам сер аз рӯйи Душанбе,
Нигоҳам меравад сӯйи Душанбе.
Ба мақсад мерасад оне ки нӯшид,
Гулоби синаи ҷӯйи Душанбе.
МЕҲРИ ВАТАН
Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,
Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.
Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва хуҷастае аст, ки бо шуниданаш хонаву дар, гоҳвора ва модар пеши назар меояд.
Педагоги машҳур Сухомлинский В.А. мазмуни мафҳуми «Ватан»-ро одилона ба мафҳумҳои «Инсон», «Маънои зиндагӣ», «Меҳнат», «Қарз», «Оила», «Забони модарӣ», «Муҳити табиат», «Садоқат» алоқаманд мекунад.
Бале, Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, модари рамзӣ - Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё