Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
Беҳ аз саннои олам деҳқон аст,
Ки ваҳшу тайрро роҳатрасон аст.
Ҷаҳонро хуррамӣ аз деҳқон аст,
Аз ӯ гаҳ заръ, гоҳе бӯстон аст.
Одатан, қадри ҳар як неъмат дар лаҳзаи ниёзмандӣ равшан аён мегардад. Ба қавли Лоиқ:
... То пир нашавем, начӯјем ҷавонӣ,
То гушна намонем, надонем, ки нон чист.
Илова бар ин, ҳамин нуқта мусаллам аст, ки ҳар неъмате, ки инсон ба воситаи меҳнати ҳалол дарёфт мекунад, бароиаш азиз аст. Саодати рӯзгори мо бо нон марбут аст. Ончунон инсон ба нон ниёз дорад, ки ҳангоми гуруснагӣ бо ганҷи зиёд як пора нон мехарад. Бале, барои шахси гурусна нон мисли ганҷи дунёст:
Ташнаро як қатра об аз дурри дарё беҳтар аст,
Гушнаро як пора нон аз ганҷи дунё беҳтар аст.
Аз ин рӯ, бузургдошти ин неъмати муқаддас вазифаи ҳар як инсон мебошад, зеро нон шабеҳи хуршеди олами иҷтимоӣ дилу дидаи моро равшан мекунад.
КИТОБ – МАНБАИ ДОНИШ
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доной китоб аст.
(Абдураҳмони Ҷомӣ)
Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хоса ойинай ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фурӯғи субҳи доной» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсату иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гашта, оламро бо тайёраи андеша сайр намояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё