Иншои озод

Китоби мазкур ба довталабони мактабҳои олӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои навиштани иншои озод кӯмак мерасонад. Дар он намунаҳои иншоҳо ва маслиҳатҳо оид ба риояи қоидаҳои имло ва коркарди мавзӯъҳо оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 40 саҳифа
Ҳар сол Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои ором, мутантан сурат мегирад. Ҳама пешрафту нумӯи давлати феълии тоҷикон аз файзу баракати Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Зеро маҳз ҳамин Иҷлосия чун субҳи босафо бар шоми миллат ғолиб омада, ба хушбахтии мардум заминаи мусоид фароҳам овард. Ва бори дигар сокинони манотиқи гуногуни кишварро ба дурандешию бунёдкорӣ ҳидоят намуд.
Хуллас, ҳар рӯзе, ки сипарӣ мешавад, барои мо як навъ азхудкунии асосҳои давлату давлатдории муосир ва гузаштан ба ҷомеаи демокративу дунявиро талқин мекунад. Вазифаи ҳар фарди ҷомеа аз он иборат аст, ки баҳри оромии кулл ва ҳифзи сарватҳои Тоҷикистон азиз саҳми худро гузорад. Шодию нишот, бахти баланди одамон ба воситаи дӯстиву рафоқат пайдо мегардад ва баръакс, душманӣ ба рӯзи сахту гарони мардум боис мегардад. Барҳақ, устод Мирзо Турсунзода фармудааст:
Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,
Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.
АДАБ ҲУСНИ ИНСОН АСТ
Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,
Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.
Адаб ҳусни инсон аст. Оре, шахси боадаб ҳамеша аз хасоили ҳамида, мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Зеро хуб медонанд, ки бузурге гуфта:
Манманиҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё