Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ҶАНГИ АРАБУ ЭРОН
Нахустин бархӯрдҳои низомии арабҳову эрониҳо дар замони хилофати Абубакр (632—634) рух дод, вале онҳо ҷангҳои ҳудудию марзӣ буданд. Халифа Умар ибни Хаттоб (солҳои хилофаташ 634—644) ба кишваркушоии арабҳои мусулмон оғоз бахшида, сарлашкарони арабро ба фатҳи сарзаминҳои Эрону Руми Шарқӣ фиристод.
Ҷангҳои нахустини арабу эронӣ солҳои 633—636 дар марзи Эрону Арабистон ба вуқӯъ пайваста нишон доданд, ки эрониҳо набояд бо арабҳо чун пештара саҳлангорӣ кунанд. Зеро араб дигар танҳо барои ёфтани ризқ ва рабудани ғанимат намеҷангид, балки бо барномаи пойдори сиёсӣ ва ахлоқӣ дар арсаи ҷаҳонӣ зуҳур мекард. Ин барнома ойини нави ислом буд, ки сабабгори дигаргунсозии муносибатҳои байналмилалии он рӯз гашт. Арабҳо эрониёнро ба ойини ислому парастиши Худои ягона мехонданд. Чун ислом дар баробари шамшер бо Китоби осмонӣ вориди Эрон мешуд, эрониён сари масъалаи илму дониш дар андеша мешуданд.
Ҷанги Эрону Араб дар соли 637 дар Қодисия (дар Ироқи имрӯза воқеъ аст) иттифоқ афтод ва чаҳор рӯз давом кард. Шумораи лашкари Эрон аз арабҳо бештар буда, дар ибтидои ҷанг форсҳо пирӯз шуданд. Вале рӯзи дуюми ҷанг неруҳои тозае аз биёбон ба ёрии арабҳо расида, ба лашкари саворанизоми Эрон зарбаи сахт заданд. Рӯзи чоруми ин муҳориба аз ҷониби муқобили сипоҳи Эрон тундбоде сахт вазида, ба чашми лашкар хоку рег фурӯ рехт. Дар ҳамин ҳолат сипаҳсолори Эрон Рустами Фаррухзод аз ҷониби яке аз арабҳо кушта шуд ва қисме аз лашкари эрониён фирор карда, қисми дигараш худро ба рӯди Даҷла андохтанд. Ҳамин тавр, лашкари Эрон шикаст хӯрда, марзҳои он барои арабҳо кушода шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё