Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

ҲОЛО ХАЗИНАИ ОМУДАРЁ ДАР КУҶО
НИГОҲДОРӢ МЕШАВАД?

Хазинаи Омударё баъди 20 соли ёфт шуданаш аз билоди Ҳинд ба Осорхонаи Британия мерасад. Инак, қариб 115 сол мешавад, ки ин ганҷина (осораш ба аҳди давлатдории Бохтари Қадим, кишваркушоиҳои Ҳаҳоманишиниёну Искандари Мақдунӣ ва Кушониёну Ҳайтолиён мансуб аст) дар Британия нигоҳдорӣ мешавад.

Атиқашиносон Хазинаи Омударёро аз нодиртарин осори санъати нафисаи Осорхонаи Британия мешуморанд, ки дар сад соли охир танҳо як маротиба (соли 1979) бар ивази намоиши осори тилоии Сибир дар Лондон ба Осорхонаи марказии шаҳри Маскав ва Эрмитажи Ленинград (Санкт-Петербург) овардаанд.

Тоҷирони бухорӣ Хазинаи Омударёро дубора ба даст оварда, роҳи бозори қадимаи шаҳри Равалпиндиро (ҳоло дар Покистон воқеъ аст) пеш мегиранд. Бо мададу миёнаравии атиқафурӯшону саррофони ҳиндӣ ин хазинаи беназир бо баҳои начандон гароне аз ҷониби генерал-майори англис А. Каннингем, ходими Осорхонаи Британия О.У. Френкс ва директори роҳи оҳани Ҳиндустон А. Грант харидорӣ мешавад. Дертар қисми зиёди ашёи Хазинаи Омударёро О.У. Френкс харида, онҳоро барои нигаҳдошт соли 1896 ба Осорхонаи Британия васият менамояд.

пешина
аз 395
навбатӣ