Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БОХТАР ДАР АҲДИ ҲАХОМАНИШИЁН

Дар аҳди давлатдории Ҳахоманишиён нуфузу эътибори ашрофи бохтарӣ дар дарбори шоҳаншоҳ хеле зиёд будааст. Шоҳаншоҳони ҳахоманишӣ дар ҳалли масъалаҳои идоракунӣ, гирдоварии андоз, фурӯ нишондани ошӯбҳо ва набарду кишваркушоиҳо маҳз ба волиёни Бохтар ва ашрофзодаҳои бонуфузи он такя мекарданд.

ОЁ БОХТАР РАМЗҲОИ ДАВЛАТДОРИ ДОШТ?

Бохтар пойгоҳи нахустин давлатҳои таърихии ниёгони мо Пешдодиён ва Каёниён ба шумор рафта, пойтахти он шаҳри Балх чун модари шаҳрҳои Бохтарзамин шинохта шудааст. Маҳз дар Бохтари Қадим нахустин нишонаҳои давлатдорӣ — «Дирафши ковиёнӣ» ва расму ойини идоракунӣ, санъати хоссаи шаҳрсозӣ ва истеҳкомбандии ҳарбӣ, анъанаҳои начиби кишвардорӣ ва ойини яктопарастии зардуштии падид омада, аз решаи тавонои он нахустин тамаддун ва ойини давлатдориҳои минбаъдаи тоҷикон сабзидааст.

ИҚТИБОС АЗ САЪИД НАФИСӢ:

«Дар шимол-шарқии Эрони имрӯз сарзамини бисёр ҳосилхезе воқеъ аст, ки мо дилбастагии махсусе ба он дорем. Бисёре аз уламои бузург ақида доранд, ки нажоди орӣ дар он сарзамин, дар доманаи кӯҳҳои Ҳиндукуш, дар канори рӯдҳои Ҷайҳун ва Сайҳун нахустин рӯзҳои зиндагии хешро гузаронидаанд. Китоби осмонии Эрони Қадим, яъне Авесто кишвареро нишон медиҳад, ки обу ҳавои он хулд (биҳишт)-и замин буд ва аҷдоди мо нахуст дар он ҷо парвариш ёфтанд ва бо қарина метавон гуфт, ки мурод ҳамон арзи мавъуди эрониён ва ҳамин хит-таи дилкаши савоҳили Ҷайҳун ва Сайҳун аст. Уламои таърих ақида доранд, ки мо эрониён аз он ҷо омадаем ва Эрони имрӯз ба манзалаи хо-наи дуюми мост».

пешина
аз 395
навбатӣ