Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
ҶАНГҲО БО КУШОНИЁНУ ҲАЙТОЛИЁН
Баҳроми V (420–438) писари Яздигурди I мебошад, ки бо номи Баҳроми Гӯр шӯҳрат дорад. Ӯ бо Рум (Византия) сулҳ баста, нерӯҳои ҳарбиашро барои ҳимояи сарҳадҳои шарқии кишвараш сафарбар намуд. Барои бозгардонидани мулкҳои аздастраф-таи Эрон бо Кушониён чандин бор задухӯрд намуда, дар наздикии Кушмайҳани Марв онҳоро шикаст дод.
СЕ НАБАРДИ ПИРӮЗ БО ЧӢ АНҶОМИД?
Пирӯз дар аҳди подшоҳии 25-солааш (солҳои 459–484) се маротиба ба сарзамини Ҳайтолиён ҳуҷум оварда, ба дасти подшоҳи ҳайтолӣ Хушнавоз асир меафтад. Ҳуҷуми сеюми Пирӯз ба поёни умраш, яъне соли 484 рост ома-да, ӯ ҳангоми набарди шадид кушта мегардад.
Қубод писари калонии Пирӯз буда, бо ёрии Хушнавоз солҳои 488-531 ба тахти Сосониён нишастааст. Дар давраи ҳукмронии ӯ пардохтани товони ҷанг ба Ҳайтолиён идома ёфтааст. Соли 496 ӯро мухолифонаш сарнагун намуда бошанд ҳам, бо пуштибонии дубораи сипоҳи 30-ҳазораи Хушнавоз боз ба тахти Сосониён нишаст. Ойини Маздак дар замони ӯ падид омада, аз ҷониби Қубод дастгирӣ ёфтааст.
Яке аз шоҳаншоҳони номдори Сосониён Хусрави I Анушервон (531–579) мебошад, ки бо номи Анушервони Одил машҳур аст. Дар аҳди Хусрави Анушервон ислоҳоти ҳарбию иқтисодӣ ва тиҷорат вусъат ёфта, тохтутози ҳайтолиёну румиён низ пешгирӣ карда мешуданд. Бо ҳамдастии Хусрави Анушервон ва хокони турк тақрибан соли 565 шоҳи Ҳайтолиён Фотифар дар наздикии Бухоро шикаст хӯрда, шукӯҳу азамати ҷаҳонии империяи Сосониён меафзояд.
Маздак ва пайравони ӯ мехостанд, ки молу дороии сарватмандонро рабуда, ба камбағалон ройгон тақсим намоянд. Аз рӯи андешаи Маздак ҳамаи одамон аз ҷониби Яздони пок баробар офарида шуда, сарватмандону дороён бо ҳилаву найранг ва зӯроварӣ сарватҳои мавҷудаи кишварро соҳиб шудаанд. Роҳи писандидаи Худованд сарвати тавонгаронро ба нодорону бенавоён баробар тақсим кардан аст. Баъди коҳидани нуфузи Қубод писараш Хусрави Анушервон Маздаку пайравонашро ба мулоқоти ниҳонӣ даъват карда, онҳоро нобуд сохт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё