Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАВЛАТИ СУҒДИ
БОСТОН

Суғд аз нахустин давлатҳои таърихӣ, яке аз қадимтарин марказҳои тамаддуни аҷдоди тоҷикон ба шумор меравад.
Суғд сарзамини паҳноварест, ки водиҳои дарёҳои Зарафшон ва Қашқадарёро фаро гирифта, дар ғарб то поёноби дарёи Сир доман паҳн карда буд. Давлати Суғд дар нимаи аввали ҳазорсолаи I то милод пайдо шуда, дар Шарқ пеш аз ташкилёбии давлати Ҳахоманишиён машҳур буд. Мувофиқи маълумоти Ҳеродот «Сакоиҳои паси Суғд» ҳамон қавмҳои ориёие буданд, ки дар сарзамини фаросӯи дарёи Сир мезистанд. Суғд дар асри V то милод ба ҳайати давлати Ҳахоманишиён шомил гашта, яке аз сатрап (вилоят)-ҳои бузурги онро ташкил медод.

СУҒД ДАР КАДОМ САРЧАШМАҲО
ЗИКР ШУДААСТ?

Суғд борҳо дар китоби Авесто, катибаҳои мехии аҳди Дорои Кабир, баъдтар дар осори муаллифони юнонию чинӣ ёдоварӣ шудааст. Китоби Авесто «Гава суғда — макони суғдиён»-ро чун сарзамини ободу зебо ситоиш намудааст. Дорои Кабир дар Катибаи Бесутун вилояти Суғдро дар қатори Порт, Хоразм ва Бохтар яке аз кишварҳои қаламрави худ шуморидааст. Ҳеродоти юнонӣ Суғдро ба сатрап (вилоят)-и XV-уми империяи Ҳахоманишиён мансуб донистааст, ки дар як сол 250 талант нуқра (1 талант баробари 30 кг) месупоридааст.

ҲОКИМОНИ СУҒД ЧӢ УНВОН ДОШТАНД?
Ҳокими марказии давлати Суғд унвони «ихшид»-ро дошт. Масалан, ҳокими Бухоро - бухорхудот, Чағониён – чағонхудот ва Истаравшан унвони афшинро доштанд. Яке аз ихшидҳои ҳокимияти марказии Суғд, ки дар Самарқанд зиндагӣ мекард, Аварҳуман ном дошт. Аз ин бармеояд, ки Суғд давлати пурқувват ва марказиятнок буда, онро ҳокими марказӣ идора мекардааст. Суғди қадим дорои усули давлатдорӣ, низоми пешрафтаи хоҷагидорӣ, робитаҳои густурдаи тиҷоратӣ ва маданияти хосси худ буд.

БА ДАВЛАТИ СУҒД КАДОМ МУЛКҲО ДОХИЛ МЕШУДАНД?
Ба ҳудудҳои давлати Суғд чандин мулкҳо, аз ҷумла Маймург, Кушония, Бухоро, Кеш, Насаф, Самарқанд, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва ғайра шомил буда, дар байни мулкҳои зикршуда бузургтаринаш Бухоро ба шумор мерафт. Бухоро дар аҳди Сомониён пойтахти давлатдорӣ қарор гирифта, шуҳрату нуфузи ҷаҳонӣ пайдо кард.

ПОЙТАХТИ СУҒДИ ҚАДИМ КАДОМ ШАҲР БУД?
Пойтахти Суғди Қадим шаҳри Самарқанд буд, ки он дар сарчашмаҳои юниюну румӣ Мароқанд низ номбар шудааст. Самарқанд бо ҳудудҳои шаҳристони Афросиёб ва Саразми бостонӣ яке аз марказҳои асосии ташаккули тоҷикон ба шумор меравад. Шаҳрҳои бостонии Самарқанд ва Бухоро бо асолати таърихию фарҳангӣ, рушди тиҷорат, густариши маъморию биносозӣ ва маданияти хоссаи худ ба пешрафти шаҳрҳои дигари Суғд мусоидат намудаанд.

пешина
аз 395
навбатӣ