Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

БАҲРОМИ ЧӮБИНА

Дар ар аҳди Хурмузди IV (579–590) хоқони туркҳо Совашоҳ аз самти Балху Ҳирот ба ҳудудҳои империяи Сосониён таҳдид мекард. Хурмузд лашкаркаши далеру ҷангозмуда Баҳроми Чӯбинаро, ки аслан аз Балх буд, ба муқобили Совашоҳ фиристод. Баҳроми Чӯбина соли 587 нахуст Совашоҳ ва баъди як сол писараш Пармударо мағлуб намуд. Хурмузд аз нуфузи Баҳром дар Хуросону Балх ҳаросида, ӯро бо баҳонаи тақсими нодурусти ғаниматҳои ҷангӣ аз сарлашкарӣ барканор кард. Баҳроми Чӯбина барошуфта, бо лашкараш сӯи Рай омад ва соли 589 пойтахти Сосониён – Тайсафунро ишғол карда, ба тахти Сосониён нишаст.

ЧАРО БАҲРОМИ ЧӮБИНАРО КУШТАНД?

Ашрофи сосонӣ аз қудрати рӯзафзуни Баҳром ҳаросида, Хусрави Парвизро ба ҷои падараш шоҳаншоҳ эълон намуданд. Баҳроми Чӯбина соли 591 тоҷу тахтро ба Хусрави Парвиз вогузошта, бо чор ҳазор ҳамсафонаш роҳи Хуросону Балхро пеш гирифт.
Хоқони турк Баҳромро хуш пазируфт ва мартабаи марзбонию сарлашкариашро нигоҳ дошт. Дертар бо ташвиқи ҷосусони Хусрави Парвиз зани хоқон ва ғуломи хунхори ӯ Баҳроми Чӯбинаро дар бистари хоб бо корди заҳролуде куштанд.

ХУСРАВИ ПАРВИЗ

Хусрави II Парвиз (589-628) бо мадади император Маврикий ба тахт нишаста, бар ивази ёрии ҳарбӣ як қисми Картли, Арманистон ва Байнаннахрайнро ба Византия дод. Соли 602 бар асари ошӯби дарборӣ Маврикий кушта шуд ва Хусрави Парвиз бо баҳонаи ситонидани қисоси ӯ мулкҳои собиқаи Эронро дар шимоли Байнаннахрайн бозгардонид. Ӯ солҳои 615-617 тамоми Осиёи Хурдро то халиҷи Босфор таҳти итоати худ овард. Дертар дар муҳорибаи соли 627 лашкари Хусрави Парвизро император Ираклий шикаст дода, аксари мулкҳои дубора забтнамудаашро рабуд. Оқибат соли 628 Хусрави Парвиз дар натиҷаи сӯиқасди дарборӣ кушта шуд ва империяи паҳновари Сосониён рӯ ба таназзул овард.

ДАВЛАТИ СОСОНИЁНРО КӢ БАРҲАМ ДОД?

Яздигурди III (632-651) охирин подшоҳи сулолаи Сосониён буда, дар аҳди шоҳаншоҳии ӯ лашкари араб Эронро фатҳ кардааст. Арабҳо бо сарварии Саъд ибни Ваққос соли 637 пойтахти Сосониён шаҳри Тайсафунро ишғол намуда, тайи солҳои 642-645 шаҳрҳои Ҳамадон, Рай, Исфаҳон, Қум, Қазвин ва Кирмонро фатҳ карданд. Яздигурди III ночор ба сӯи Исфаҳону Нишопур фирор намуда, ниҳоят ба Марв расид ва соли 651 дар Марв кушта шуд. Бо ҳамин подшоҳии 425-солаи сулолаи Сосониён хотима ёфт.

пешина
аз 395
навбатӣ