Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ПОДШОҲИИ
КАЙХУСРАВ

Кайхусрав яке аз подшоҳони машҳури сулолаи Каёниён, писари Сиёвуш ва Фарангиси духтари Афросиёб мебошад. Ӯ 60 сол ҳукмронӣ карда, бештари умри худро дар набардҳо барои муттаҳидсозии ақвоми ориёӣ гузаронидааст. Ӯ подшоҳи неруманду тавоно буда, барои кини падараш - Сиёвушро аз Афросиёб ситонидан, сӯи Турон лашкар мекашад.

Шоҳзода Сиёвуш дар шикор.

КАЙХУСРАВ ЧӢ ГУНА КИНИ
ПАДАРРО СИТОНИД?

Кайхусрав дар дашти Омул лашкари Афросиёбро шикаст медиҳад. Ӯ сипас аз Суғд сӯи Чоч равона мегардад ва саранҷом Гангдижро фатҳ намуда, Афросиёбу бародараш Гарсевазро асир мегирад ва онҳоро ба қатл мерасонад. Кайқубод ба шарафи пирӯзӣ оташкадаи Озаргушаспро бунёд менамояд, ки дар миёни оташкадаҳои сегонаи зардуштии машҳур аст.
ЛУҲРОСП ПОДШОҲИ ОБОДГАР БУД?

Даврони подшоҳии Луҳросп 120 сол буда, асосан дар Балх гузаштааст. Мирхонд дар «Равзату-с-сафо» меорад, ки Луҳросп марди зираку ботадбир ва адолатпеша буда, ба Кайхусрав писанд омада будааст. Аз ин рӯ, Кайхусрав ӯро ҷонишин ва вориси тахти худ эълон намуд. Дар давраи подшоҳии Луҳросп шуҳрати шаҳри Балҳу оташкадаи Меҳрбарзин ва дигар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ дучанд афзуда, дертар оташкадаи Навбаҳорро бунёд месозад. Ӯ подшоҳи одил, ободгар ва сулҳпарвар буда, кишварашро орому босубот нигоҳ медошт. Луҳросп дар поёни умр рӯ ба гӯшанишинӣ оварда, сокини оташкадаи Навбаҳор гардид ва подшоҳии мулкро ба писараш Гуштосп вогузор намуд. Дар замони Гуштосп Арҷоспи туронӣ ба давлати Каёниён ҳамла бурда, онро барҳам медиҳад.

пешина
аз 395
навбатӣ