Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ДАВЛАТИ
ҲАХОМАНИШИЁН

Давлати Ҳахоманишиён – нахустин ва тавонотарин империяи бузурги ҷаҳонӣ буда, солҳои 558-330 то милод, яъне 228 сол арзи вуҷуд кардааст. Онро дар асри VII то милод Чишпиши I писари Ҳахоманиш бунёд гузоштааст. Баъди таъсиси давлати паҳновару мутамаркази Куруши Кабир (ҳукмрониаш 558 – 530 то милод) империяи Ҳахоманишиёнро шоҳаншоҳони зерин идора кардаанд: Камбуҷияи II (530-522), Дорои I (522-486), Хашоёршои I (486-465), Ардашери I (465-404), Хашоёршои II (424), Согдиан (424-423) Дорои II (423-424), Ардашери II (404-358), Ардашери III (358-338), Аршак (338-336), Дорои III (336-330).
Баъзе таърихнигорон фарзияеро пеш мегузоранд, ки Ҳахоманишиён идомадиҳандаи давладории Каёниён буда, аз ҳудуди Балх ба Истахри Порс омадаанд. Аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ ҳамин ақидаро дошт.
Давлатҳо ва сулолаҳои бузурги эронӣ

ҲУДУДИ ДАВЛАТИ ҲАҲОМАНИШИЁН ТО КУҶОҲО БУД?

Давлати Ҳаҳоманишиён аввалин империяи бузурги аҳди қадим буда, тақрибан соли 553 то милод Куруши II Кабир давлати Модро ба он ҳамроҳ намуд. Дертар ба ҳайати давлати Ҳаҳоманишиён солҳои 547–546 Лидия ва дигар давлатҳои юнонии Осиёи Хурд, байни солҳои 545–539 қисми зиёди Осиёи Марказӣ ва Шимоли Ҳинд, соли 539 Бобилистон, соли 525 Миср, солҳои 519–512 Фракия, Мақдуния ва дигар ҷазираҳои баҳри Эгей ҳамроҳ карда шуданд. Ба ҳайати давлати Ҳаҳоманишиён 22 вилоят (сатрапӣ), аз ҷумла, марзҳои Осиёи Марказӣ – Марву Хоразм, Суғду Бохтар, Ҳироту Сакистон ва чандин вилоятҳои қисматҳои шимолии Ҳинд медаромаданд. Империяи Ҳаҳоманишиён дар марзҳои се қитъаи олам – Осиё, Аврупо ва Африқо доман густурда буд.

ПОЙТАХТҲОИ ҲАҲОМАНИШИЁН КАДОМ ШАҲРҲО БУДАНД?

Давлати Ҳаҳоманишиён чандин пойтахт дошт, ки онҳо дар чаҳор самти кишвар ҷойгир буда, идоракунии империяи бузургро осонтар мекард. Нахустин пойтахти Ҳаҳоманишиён шаҳри Посоргод буда, баъди фатҳ намудани давлати Мод Экбатана (Ҳамадон) ҳамчун пойтахти давлати Порс пазируфта шуд. Дертар шаҳрҳои Персеполис, Шуш ва Бобил низ пойтахтҳои ин империяи паҳновар будаанд.

пешина
аз 395
навбатӣ