Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

РУСТАМИ ДАСТОН

Рустами Дастон паҳлавони беҳамтои аҳди Каёниён буда, дар замони подшоҳии Кайқубод, Кайковус, Кайхусрав ва Гуштосп корномаҳои зиёд нишон додааст. Рустам писари Зол буда, насаби ӯ аз пушти Сом ба Гаршоспи таҳамтан мерасад. Рустам чун паҳлавони зӯровару тавоно дар бисёре аз ёдгориҳои таърихӣ ва адабии паҳлавию дарӣ тавсиф шудааст.

Рустам аждаҳоро мекушад.

Кушта шудани Суҳроб ба дасти падар ва пушаймонии Рустам.

РУСТАМ ЧӢ КОРНОМОИҲО КАРДААСТ?

Рустами таҳамтан Кайқубодро аз Албурзкӯҳ ва Кайковусро аз Мозандарону Ҳомоварон мераҳонад. Ӯ барои кинхоҳии Сиёвуш лашкари Афросиёби турониро саркӯб месозад ва барои ҳифзи ватан бо Ашкбӯсу Комуси Кушонӣ набардҳои шадид мекунад. Рустам дар «Шоҳнома» сарнавишти ибратангезу пурифтӣхор ва баъзан фоҷиаомез дошта, бо фитнаи Афросиёб писараш Суҳробро нашинохта мекушад.
Давлатҳо ва сулолаҳои бузурги эронӣ

САРНАВИШТИ РУСТАМ БО ЧӢ МЕАНҶОМАД?
Фоҷиаҳои кушта шудани писараш Суҳроб ва шогирдаш Исфандиёр дар поёни умр Рустамро аз подшоҳону тахту тоҷ дилсард месозад. Рустами куҳансол бо найранги бародараш Шағод ба чоҳи чуқури пур аз найзаву шамшер фитода, бо тири охирин Шағодро мекушад ва сипас мардона ҷон медиҳад. Рустам чун тимсоли ватанхоҳию меҳанпарастӣ ормонҳои муттаҳидсозии кулли ориёитаборон ва бунёди давлатдории мутамаркази онҳоро ифода месозад.

пешина
аз 395
навбатӣ