Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БУНЁДГУЗОРИ СУЛОЛАИ КАЁНИЁН КӢ БУД?

Кайқубод бунёдгузори сулолаи Каёниён буда, номаш дар Авесто ба шакли Кави Кавота омадааст. Ӯ баъди Гаршосп ба мартабаи подшоҳии Каёниён расидааст. Кайқубод чун подшоҳи одил, накукор ва ҳушманд барои муттаҳидсозии қавмҳои орией ва бунёди давлати муттамарказ кӯшида, шаҳрҳои Балх ва Истаҳрро пойтахти худ қарор додааст. Чандин ривоят дар бораи подшоҳии Кайқубод асоси таърихӣ дошта, ба асрҳои IX–VIII то милод рост меоянд. Дар аҳди Кайқубод мамлакат хеле обод гашта, аз ҷумла, Қубодиён чун маркази тиҷоратию маданӣ нуфуз пайдо мекунад, ки ба ин харобаҳои шаҳристони Кайқубодшоҳ, Тахти Қубод ва Тахти Сангин гувоҳӣ медиҳанд.
Шоҳзода Сиёвуш бо лашкариёни падараш.

КАЙКОВУС ЧӢ ГУНА ШАХС БУД?

Кайковус подшоҳи далеру размовар буда, аз рӯи ривоятҳои таърихӣ, гӯё ба лашкари девон пирӯз гаштааст. Вале дертар ӯ мағруру худпараст гашта, ба подшоҳи якраву кинаҷӯ ва ҳавобаланд табдил меёбад. Ӯ ба водии Синду Мукрон, яъне сарзамини Ҳинд лашкар кашида, шоҳони гарданкашу шӯридаи он ҷоро саркӯб месозад ва сипас ба Балх бармегардад.
Давлатҳо ва сулолаҳои бузурги эронӣ

КАЙКОВУСРО КӢ ОЗОД
МЕКУНАД?

Кайковус сӯи Ҳомоварон омада, ба духтари шоҳ – Судоба ошиқ мешавад. Шоҳи Ҳомоварон Кайковусро ҳамроҳи сарлашкаронаш ба меҳмонӣ хонда, ҳангоми зиёфат онҳоро ғофилгир ва банд месозад. Кайковуси фирибхӯрда ҳамроҳи Тӯс, Гев, Гударз ва дигарон ба зиндон меафтанд.
Рустами Дастон ба Ҳамоварон омада, Ковусу сарлашкаронашро озод мекунад ва ӯро дубора ба тахт менишонад.

СИЁВУШ ЧАРО НОБУД
ШУД?

Кайковус писаре дошт бо номи Сиёвуш. Модарандари Сиёвуш – Судоба ба ӯ ошиқ мешавад, вале Сиёвуш рад мекунад. Судоба ӯро назди Кайковус туҳмат мекунад. Сиёвуш барои бегуноҳии худро исбот кардан аз оташи бузурге бо аспаш мегузарад ва баъд аз ин назди Афросиёб – шоҳи Туронзамин меравад ва духтари ӯ – Фарангисро ба занӣ мегирад. Сиёвуш бо иғвогарии Гарсеваз – бародари Афросиёб кушта мешавад.

Сиёвуш барои собит намудани бегуноҳии хеш дар пеши падар аз оташ мегузарад.

пешина
аз 395
навбатӣ