Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

БОШИШГОҲИ
ОДАМОНИ ҚАДИМ

Бошишгоҳ макони зиндагии одамони қадим буд. Одатан одамони ҷомеаи ибтидоӣ дар ғорҳо, ҷангалҳо ва дигар мавзеъҳои табиӣ, вобаста ба муҳити зисташон, хонаҳои одитарин (бештар хонаҳои хасин) месохтанд ва дар он ҷо аз таъсири боду борон, сардиҳои зимистон, аз ҳамлаи ҳайвоноти даранда ва дигар офатҳои табиӣ паноҳ мебурданд, ки имрӯз мо онҳоро бошишгоҳҳо меномем.

Одамони қадим
дар ғорҳо ҳам мезистанд.

ОДАМОНИ ҚАДИМРО ДАР КУҶОИ
ТОҶИКИСТОН ЁФТААНД?

Нахустин бошишгоҳҳои одамони ибтидоӣ дар ғорҳои мусоиди кӯҳдоманҳо ҷой доштаанд.
Бостоншиносон А.П. Окладников ва В.А. Ранов ба таҳқиқи бошишгоҳҳои қадимии ниёгони тоҷикон, ки ба давраҳои асри санг мансубанд, машғул шудаанд. Дар Осиёи Марказӣ бошишгоҳи қадимтарини аҷдоди тоҷиконро дар наздикии Кӯлдараи Ховалинг пайдо кардаанд, ки тақрибан 800 000-1 млн сол пеш мавҷуд будааст. Дар ин бошишгоҳ дар умқи 120 метр устухонҳои фил, каркадан, уштур ва дигар ҳайвонотро пайдо кардаанд, ки гӯшти онҳо ғизои одамони ин макон будааст.

пешина
аз 395
навбатӣ