Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

Таърих оинаи тамаддуни гузаштаи башарият буда, ахбори сарнавишти онро аз замонҳои қадимтарин то ба имрӯз ба мо мерасонад. Масъалаҳое чун пайдоиши инсон, аҷдоди тоҷикон киҳо буданд ва дар кадом марзу бум ватан доштанд, решаву насабашон аз куҷо ибтидо мегирад ва амсоли инҳо мавриди омӯзиши илми таърих қарор дорад. Аҷдоди мо тайи ҳазорсолаҳо дар қаламрави Эронзамин (аз соҳилҳои дарёҳои Омуву Сир то ба сарҳаддоти шарқии рӯдхонаҳои Даҷлаву Фурот дар Ироқи кунунӣ) тамаддуни оламгир ва фарҳанги нотакрореро бунёд гузоштаанд.
Одамони қадим дар ғорҳо ва бошишгоҳҳои ҳасин мезистанд ва барои шикору дарёфти ғизо ба гирду атроф мерафтанд. Ҳанӯз 10-12 ҳазор сол пеш аз замони мо одамон ба парвариши рустаниҳо ва нигоҳубини ҳайвонҳо шурӯъ кардаанд. Аввалин кишоварзон дар маҳаллаҳои начандон калон зиндагӣ мекарданд, ки бо мурури замон онҳо ба маҳаллаҳои бузурги аҳолинишин ва баъдан ба шаҳрҳои аввалин табдил ёфтанд.

пешина
аз 395
навбатӣ