Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

МИНЁТУРНИГОРӢ

Минётура лавҳаи рассомии ҳаҷман хурд, асосан, фарогири тасвирҳое мебошад, ки барои зебу зийнати дастхатҳо ва тафсири бештари мазмунашон офарида мешуд. Минётура аз замонҳои қадим чун ҷузъи ороиши бадеии китоб дар Мисри Қадим, Хитою Ҳиндустон ва Эронзамин (Эрон, Хуросон, Мовароуннаҳр) маълум буд. Минётураҳо, маъмулан, дар асоси сюжети асарҳои манзум офарида мешуданд. Мавзӯи минётураҳо аз саҳнаҳои ҷангҳои тан ба тан, лаҳзаҳои базму зиёфат, сайру шикор, мулоқоти ошиқон, маросими қабул, манзара, симои шахсони бузург ва ғайра иборат буданд. Қадимтарин минётураҳо ба асри XI мансубанд. Дар таърихи минётурнигории мардуми форс-тоҷик Камолуддини Беҳзод ва Авазмуҳаммади Самарқандӣ мақоми махсус доранд.
БУЗУРГТАРИН ВА МАШҲУРИТАРИН МАКТАБҲОИ МИНЁТУРНИГОРИИ ШАРҚ ДАР КУҶО БУДАНД?

Бузургтарин ва машҳуртарин мактабҳои минётурнигории Шарқ дар Бағдод (асри XII), Табрез (асри XIV) ва асрҳои XV-XVII дар Шероз, Ҳирот, Самарқанд, Бухоро, Исфаҳон, Машҳад, Қазвин ва Ҳиндустон ҷой доштанд. Намояндагони ин мактабҳо Абуляхё Чунайди Султонӣ, Султонмуҳаммади Табрезӣ, Сайд-идғиёси Самарқандӣ, Мираки Наққош, Камолуддини Беҳзод, Абдуллоҳи Мусаввир, Ризои Аббосӣ ва дигарон дар равнақи минётурнигорӣ саҳми бузург гузоштаанд. Намунаҳои минётурнигорони ин мактабҳо дар осорхонаҳои ҷаҳон маҳфузанд.
КАМОЛУДДИНИ БЕҲЗОД КӢ БУД?
Беҳзод бузургтарин мусаввир, наққош ва миниатുрнигори тоҷик аст, ки дар Шарқ бо лақаби «Монии Сонӣ»
ва дар Ғарб бо номи «Рафаэллои Шарқ» шуҳрат дорад. Ӯ тақрибан соли 1455 дар Ҳирот таваллуд ёфта, соли 1535 дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Эҷодиёти Беҳзод гуногунжанру гуногунмавзӯъ аст. Қадимтарин осори меросгузоштаи Беҳзод нусхаи дастнависи «Бӯстон»-и Саъдист, ки китобаташро Султоналии Машҳадӣ соли 1478 анҷом додааст. Ҳамчунин, дастхатҳои «Хамса»-и Низомӣ, «Маҷнуну Лайлӣ»-и Амир Хусрав, «Мантиқу-т-тайр»-и Аттор ва дигар саромадони адабиёти форс-тоҷикро ороиш додааст. Асарҳои Беҳзод на танҳо намунаи нодири санъати тасвирии Шарқ, балки яке аз дастовардҳои беҳтарини санъати рассомии ҷаҳон ба шумор мераванд.

пешина
аз 395
навбатӣ