Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

РУМИ ҚАДИМ

Тамаддуни Руми Қадим яке аз тамаддунҳои бостонии башарият ба шумор меравад. Ин тамаддун дар асри VI то милод дар нимҷазираи Апеннин падид омадааст. Мувофиқи ривоятҳои қадимӣ исми Рум аз номи Ромул ва Рем пайдо шудааст, ки онҳо гӯё фарзандони илоҳи юнонӣ Афродита ва худои румӣ Марс мебошанд. Мувофиқи ривоятҳо ин ду бародарро ба дарёи Тибр партофтаанд, вале онҳо ба шарофати модагурге раҳида, зинда мондаанд. Модагург ба бародарони хурдсол шир дода, онҳоро ба камол расондааст. Ва бародарон Ромул ва Рем калон шуда, гӯё шаҳри Румро бунёд гузоштаанд.

Сохтмони арка.

ШАҲРИ РУМ КАЙ ПАЙДО ШУДААСТ?

Руми Қадим аввал деҳкадаи калоне дар соҳили рӯди Тибр буда, тақрибан соли 750 то милод ба шаҳраки паҳновару ободе табдил ёфт. Шаҳри Рум ҳангоми подшоҳии сокинони қадимии он этрускҳо ободтару зеботар гаштааст. Соли 510 шаҳри Рум ба республика табдил ёфта, аз он подшоҳи охирини этрускиро ронданд.
Рум тадриҷан ба як пойтахти тавоно ва мағлубнопазири империя дар сарзамини Итолиё табдил ёфта, қариб 10 аср пойдор монд. Императорони Рум чандин кишварҳои Осиё ва Африқо, аз ҷумла ҳудудҳои Фаронсаи Ҷанубӣ, қисми Германия, Испания ва Аврупоро забт намуда, баъди Ҳаҳоманишиён ва Искандари Мақдунӣ бузургтарин империяи аҳди қадимро таъсис доданд.

Димнаи
Руми Қадим.
ПАДИД ОМАДАНИ ТАМАДДУН

РОҲСОЗӢ ДАР РУМИ ҚАДИМ.

ШАҲРҲОИ РУМ ЧӢ ГУНА СОХТА ШУДА БУДАНД?
Румиҳо меъморони моҳир буданд. Онҳо шаҳрҳои худро дар шакли чаҳоркунҷа (мураббаъ) ва ё росткунҷа месохтанд. Одатан дар атрофи шаҳрҳо деворҳои баланд ва дижҳои мудофиавӣ мебардоштанд, ки шаҳрро аз ҳамлаи душмани беруна ҳимоя намоянд. Шаҳрҳои румиҳо аз ду кӯчаи марказӣ иборат буда, яке аз кӯчаҳо ҳудуди шаҳрро аз шарқ ба ғарб ва дигаре аз шимол ба ҷануб убур мекард. Одатан биноҳои император ва дигар ниҳодҳои идоракунӣ дар назди чорроҳаҳо сохта шуда, дар атрофи он биноҳои муҳташам, ибодатхонаҳо, иморатҳои маъмурию хизматрасонӣ, аз ҷумла гармобаю корвонсаройҳо сохта мешуданд.

АРТИШИ РУМ ЧӢ ГУНА БУД?
Сарбозони
легиони румӣ.

Ҷанговарони румӣ дар лашкаргоҳҳои мустаҳкаме будубош доштанд, ки устохонаи силоҳсозӣ, аспхона, дармонгоҳҳо, ҷойҳои машқу набардсозӣ доштанд.
Одатан ҷанговарон (легионҳо) дар сарбозхонаҳои доимӣ зиндагӣ мекарданд ва сарлашкарону фармондеҳони бонуфуз саройҳои алоҳида доштанд. Легионҳо аз 6 ҳазор пиёда иборат буданд. Дар навбати худ ҳар легион аз даҳ когорт (гурӯҳ) ва когортҳо аз сентураҳои саднафарӣ таъсис ёфта буданд. Сарбозони румӣ аз болои пироҳани пашмин зиреҳҳои филиззӣ ва варақаҳои мудофиавӣ мепӯшиданд, ки тавассути бандинаҳои чармӣ васл мешуданд. Сарбозон ҳангоми набард силоҳ, таҷҳизоти зарурӣ ва борҷомаро бар дӯшашон мебурданд.

пешина
аз 395
навбатӣ