Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

ВАРЗИШ ДАР ҲАЁТИ
ЮНОНИЁНИ ҚАДИМ

Мардумони Юнони Қадим аз хурдсолӣ ба варзиш ва обутоб додани бадан машғул мешуданд. Сараввал мусобиқаҳои варзишӣ дар тамошогоҳҳои умумӣ ва варзишгоҳҳои нахустин баргузор мешуданд. Одатан сокинони шаҳр ҳангоми тадбирҳои оммавӣ гирд омада, тамошои қувваозмоӣ ва муҳорибаҳои тан ба танро дӯст медоштанд. Дар мусобиқаҳо варзишгарону паҳлавонони номдор қувваозмоӣ намуда, ба ғолибон ҷоизаҳои хотиравӣ месупурданд.

Дискпартой —
яке аз намудҳои
варзишӣ дар
Юнони Қадим буд.

СПАРТАГИҲОРО ЧӢ ГУНА ОБУТОБ МЕДОДАНД?

Сокинони шаҳри Спартаи Юнон мувофиқи меъёрҳои давлатдории ҳарбӣ зиндагӣ мекарданд. Қариб ҳамаи мардони баркамол ва ҷавонони спартагӣ хизмати ҳарбӣ карда, пайваста маҳорату малакаи ҷангиашонро такмил медоданд. Спартагиҳо кӯдакони солим ва нерумандро ба камол мерасонданд.
Кӯдакони спартагӣ дар синни ҳафтсолагӣ аз хонаи падару модар ба мактабҳои махсуси варзиш рафта, ҳунари ҷангу варзишро меомӯхтанд. Онҳо дар ин мактаб ба шароити сахти зиндагӣ одат карда, бадан ва иродаи худро обутоб медоданд.

Ҷанговарони
Спартаи Қадим.

Ба онҳо кӯтоҳ ва мухтасар гап задан, матонату нотарсӣ, шуҷоату ҷавонмардӣ, ҳилаю найрангсозӣ ва дигар ҳунарҳои ҷангиро меомӯзонданд. Онҳо ҳангоми 20-солагӣ чун ҷанговари баркамол дар муҳорибаҳо иштирок мекарданд. Ҷанговарони спартагӣ интизоми сахтро риоя карда, баъди хонадоршавӣ низ тарзи зиндагии ҳарбиро нигоҳ медоштанд. Ҳатто занону духтарони спартагӣ низ ба варзишу обутоби бадан аҳамият медоданд, то ки фарзандони солиму хушпайкар ба дунё оранд.

Ҷамъомади ҷанговарони Спарта.
НАХУСТИН БОЗИҲОИ ОЛИМПИ
КАЙ БАРПО ШУДАНД?

Юнониҳо нахустин бозиҳои олимпиро ба ифтихори Худои бузурги худ Зевс барпо мекарданд. Мусобиқаҳои олимпӣ ба шарафи худоён аз соли 776 то соли 394-и то милод пайваста дар мавзеи Олимп барпо мешуданд. Ҳангоми бозиҳои олимпӣ одатан ҷангу хунрезиҳо қатъ мегаштанд. Дертар бозиҳои олимпӣ дар Олим- пи Афина ҳар 4 сол як маротиба баргузор ме- шуданд. Дар ибтидо ин бозиҳо аз рӯи мусоби- қаҳои панҷгонаи варзишӣ - гулӯлапартой, ҷа- ҳидан ба дарозӣ, найзапартой, давидан ва гӯш- тингӣ сурат мегирифтанд. Ғолибони мусоби- қаҳо бо шохчаи дарахти зайтун сарфароз ме- гардиданд. Саранҷом ба мусобиқаҳои олимпӣ намудҳои дигари неруозмоиҳои варзишӣ изо- фа шуда, фосилаи идомаёбиашро то 5 рӯз да- роз карданд. Бозиҳои имрӯзаи олимпӣ аз соли 1896 инҷониб дар ҳар чор сол як маротиба пай- васта баргузор мегарданд.

Машқи спартагиҳо ва бозиҳои олимпӣ.

пешина
аз 395
навбатӣ