Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

КӯдаконМаърифатНаврасон
Аз аввал хондан

МАНОРАҲО

Манораҳо асосан дар пеш ва шафати масҷиду мадрасаҳо ё дар дохили ҳавлии онҳо барои азонгӯй сохта мешуданд. Онҳо дар ибтидо аз берун зина ё поғундаи морпеч доштанд. Баъд поғундаҳоро дар дохили манора месохтанд.
Манораҳо ҳамчун дидбонгоҳ ва нишони роҳ (мино) низ истифода мешуданд. Манорасозӣ бештар дар мамлакатҳои Шарқи исломӣ маъмул буд.

МАНОРИ ҶОМ

Ёдгории меъмории охири асри XII дар деҳаи Ҷоми вилояти Ғури Афғонистон. Баландиаш 63 м, қутри қисми поёнии танааш 8 м. Асоси манора ҳашттарка ва танааш мудаввар буда, ба се ҷузъ тақсим мешавад. Қисми болоии ду ҷузъи поён бо сутундевор ва айвончаҳо ба анҷом мерасад. Дар қисми болоии ҷузъи сеюм қафасаи гунбазпӯш ҷойгир аст. Танаи манораро нақшунигори гуногун, асосан гиреҳҳои ҳандасӣ ва катибаҳо оро додаанд. Танҳо дар баъзе қисмҳои танаи манора нақшҳои наботии ислимӣ мушоҳида мешаванд. Нақшунигори манора якранги зарди сурхҷатоб буда, танҳо дар қисми болоии ҷузъи якум ҳалқаи катибае ҳаст, ки аз кошиҳои нилӣ تركيب ёфтааст. Манора аз ҷиҳати бандубаст, баландӣ нақшунигори мураккабу нафис ягона ва беназир аст. Ва он нишони давлатдории тоҷикон дар асри XII аст, ки бо фармони Ғиёсуддини Ғурӣ сохта шудааст.

МАНОРАҲО АЗ КАДОМ
МАСОЛЕҲ
СОХТА ШУДААНД?

Манораро асосан аз хишти пухта ва хом, санг ва баъзан чӯб месохтанд. Чунин манораҳо бештар дар мамлакатҳои Шарқи мусулмонӣ маъмул буданд. Мақбараҳои замонавиро аз пӯлод, чӯб, оҳану бетон, санг месозанд.

пешина
аз 395
навбатӣ