Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
МАДРАСАИ МИРРАҶАБ ДОДХОҲ
Дар солҳои 1659-1660 дар мавзеи Лаби Ҷари Конибодом аз хишти пухта сохта шудааст. Намои асосии мадраса рӯ ба самти шимол буда, пештоқи баланди онро аз ду тараф гулдастаҳои қафасадор оро додаанд. Толори бузурги мадраса барои адои намоз ва толори кӯчаки он барои дарсхонӣ буд. Намозгоҳ гунбази қафасадор дорад. Дар се гӯшаи ҳавлии мадраса ҳуҷраҳои гунбаздори андозаашон 4,65х3,20 м ҷойгиранд. Дар қисми ғарбии ҳавлӣ соли 1916 аз ҷониби Муҳаммадшукури Наҷчор масҷиди айвондори кӯчаке бино шудааст.
МАДРАСАИ ХОҶАМАШҲАД
Дар асрҳои IX-XII дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритуз сохта шудааст. Ҳоло аз ин муҷтамаъ ду бинои гунбазу равоқдори аз хишти пухта сохташуда боқӣ мондааст. Дар ду гӯшаи ин биноҳо гулдастаҳои начандон бузург сохта шудаанд. Мадрасаи Хоҷамашҳад яке аз қадимтарин ва аз ҷиҳати ҳунари меъморӣ нодиртарин мадрасаҳои Осиёи Марказӣ буда, солҳои охир таъмиру тармим гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор