Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.
Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа
Фурӯрезии гудоза
Сарчашмаи магма
Вулкани сарбаста
(лакколит)
ГЕЙЗЕР ЧИСТ?
Гейзер фаввораи бухору оби ҷӯшони зеризаминӣ мебошад. Гейзерҳо дар ноҳияҳои вулкание вомехӯранд, ки ҷинсҳои гудохта ба сатҳи замин наздик ҷойгиранд. Дар чунин ҷойҳо обҳои зеризаминӣ то ҳарорати ҷӯшиш гарм шуда, вақт-вақт оби гарм ва бухор ба ҳаво фаввора мезанад.
Яке аз машҳуртарин гейзерҳои ҷаҳон гейзери «Пири содиқ» дар Боғи миллии Йеловстоун (ИМА) мебошад, ки аз он ҳар 70 дақиқа обу бухор (буғ) то баландии 45 м фаввора зада мебарояд.
ВУЛКАНҲО ДАР КУҶО
ҶОЙГИРАНД?
Бештари вулканҳо қад-қади қаторкӯҳҳои ҷавон ё кафидаҳои (сӯрохҳо)-и азими қишри Замин, дар ноҳияҳои аз ҷиҳати тектоникӣ серҳаракат воқеъ гаштаанд. Минтақаҳои асосии вулканҳои оташфишон Амрикои Ҷанубӣ, Амрикои Марказӣ, уқёнуси Ором, уқёнуси Атлантика, ҷазираҳои Ҷопон, Курил, Гавай, Алеут, Аляска, Исландия мебошанд. Аз се ду ҳиссаи вулканҳо дар ҷазираю соҳилҳои уқёнуси Ором ҷойгиранд. Аз ҷиҳати шумораи вулканҳои оташфишон ноҳияи уқёнуси Атлантика ҷои дуюмро ишғол мекунад.
Гейзер.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор