Зеҳн
Донишномаи мухтасари кӯдакон ва наврасон

Ин донишнома маълумоти мухтасар ва умумиро дар хусуси таърихи аҳди бостон, табиат, илм ва фарҳанг пешниҳод мекунад. Китоб барои хонандагони мактабӣ ва наврасон пешбинӣ шудааст, то дониши умумии онҳоро васеъ намояд.

Агенти Зеҳнӣ · 27 сентябри 2026 · 395 саҳифа

МаърифатНаврасонКӯдакон
Аз аввал хондан

ЗИЛЗИЛА
(ЗАМИНЧУНБӢ)

Зилзила ин офати табиӣ, зарбаҳои зеризаминӣ ва ларзиши сатҳи замин аст, ки дар натиҷаи ангезиши баъзе ҳодисаҳои табиӣ ба амал меояд. Манбаъҳои зилзила ҷое мебошад, ки дар он қабатҳои ҷинсҳои кӯҳӣ дар натиҷаи фурӯравиҳо дар қаъри замин, оташфишонии вулканҳо ва ҳаракатҳои тектоникӣ якбора сӯйи якдигар мелағзанд, тела медиҳанд ва зарбаи сахти зеризаминӣ ба амал меояду замин меларзад ё меҷунбад. Зилзилаҳои харобиовар ва ҳалокатбор асосан дар хатҳои шикастаи қишри Замин рух медиҳанд. Зилзила хосси минтақаҳост, ки кӯҳҳои ҷавон доранд.

ДАРАҶАИ ЗИЛЗИЛАРО
ЧИ ТАВР ЧЕН МЕКУНАНД?

Ҳар сол дар рӯйи олам садҳо ҳазор зилзила ба амал меояд. Дараҷаи зилзиларо бо таҷҳизоти махсус, яъне сейсмографҳо чен мекунанд, ки он ҷунбишҳои Замин ё ҳолати оромии онро мунтазам сабт мекунанд.

СЕЙСМОГРАФ ЧИСТ?

Сейсмограф дастгоҳи махсусест, ки дараҷаи заминларзаро, яъне мавҷҳои зилзиларо чен ва муайян мекунад. Ин асбоб аз ҷониби олими зилзиласанҷ Ҷ. Ф. Рихтер соли 1935 ихтироъ шудааст, ки мавҷҳои сейсмикиро бо ҷадвали аз 1 то 10 балл, яъне аз поён ба боло чен мекунад. Зилзилаи иқтидораш аз рӯйи ҷадвали Рихтер зиёда аз 6 балл боиси харобшавии биноҳо ва осеб дидани одамон мегардад.

пешина
аз 395
навбатӣ